International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эътои 120 мошинаи дарздӯзӣ ба духтарони суғдӣ

Leave a comment

Бознашр аз ББС Тоҷикӣ

Эрон барои духтарони суғдӣ 120 мошини дарздӯзӣ эъто кард, то онҳо аз ин роҳ тавонанд барои худ иштиғол ва ҳуқуқ дарёфт кунанд. Дар маросими эътои ин мошинҳои дарздӯзи, ки рӯзи чаҳоршанбеи 27 апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, эълом шудааст, ки Кумитаи имдоди Хумайнии Эрон дар вилояти Суғд соҳибони ин мошинҳои дарздӯзиро бо давраҳои омӯзишӣ низ фаро гирифтааст.

 Саид Ҷавод Раззовӣ, раиси намояндагии Кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки бахши ин ниҳод дар вилояти Суғд ду соли қабл таъсис шуда ва дар ин муддат беш аз 1500 бонуро ҳунари дӯзандагӣ омӯхтааст. Ба гуфтаи вай, бештаре аз ин бонувон пас аз омӯзиш барои худ шуғле пайдо карда ва суде ба даст меоваранд. Раиси кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Тоҷикистон афзуд, ки бо кӯмаки молии ин ниҳод, се маркази ҷадиди дӯзандагӣ дар навоҳии Ғончӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳи вилояти Суғд ифтитоҳ шудааст ва дар ин марокиз 120 бону бо давраҳои омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ фаро гирифта шудаанд.

Зимнан, ба иттилоъи оқои Раззовӣ, раиси кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Тоҷикистон ин кумита дар Тоҷикистон аз 16 соли қабл фаъол аст ва беш аз 90 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон аз ин кумита кӯмак дарёфт кардаанд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s