International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастранҷи марди деҳқон чанд хоҳад буд?

Leave a comment

Дар бархе аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили пахта пеш аз мӯҳлат шурӯъ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки масъулини Академияи кишоварзии Тоҷикистон бо дар назар гирифтани нашъу намои пахта гуфтаанд, ки имкони бардоштани ҳосили 500 ҳазор тонна пахта вуҷуд дорад.

ГУЗОРИШҲОИ ЗИДДУНАҚИЗ

Аммо коршиносони бахши кишоварзӣ ин иддаоро беасос хонда бар ин боваранд, ки аз ҳисоби зиёд шудани майдони кишти пахта, имкони дар ҳудуди 400 ҳазор тонна ҷамъоварии пахта вуҷуд дорад.

Саидҷамол Саидов, раиси Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи кишоварзии Тоҷикистон бо дар назар гирифтани ҳосили имсола гуфтааст, ки ҷамъоварии 500 ҳазор тонна  пахта вуҷуд дорад. Ба таъкиди ҷаноби Саидов ҳосил аз ҳар гектар метавонад ба 27 сентнер бирасад.

Муҳаммадӣ Ормонов, раиси бахши зироатҳои техникӣ ва ғаллаи вазорати кишоварзии Тоҷикистон ин пешгӯии раиси Пажӯҳишгоҳро то ҷое мумкин хонд. Вай дар гуфтугӯ бо РО гуфт: «Вобаста ба ин пешгӯӣ якум, ки майдони кишт зиёд шудааст, дуюм нашъунамои пахта хуб аст. Ҳоло мутахассисонро водор сохтем, ҳосилро дубора дар ҳама ноҳияҳо дубора баррасӣ кунанд. Фикр мекунам, ки пешгӯӣ ба воқеият наздик аст.»

“ЧУНИН ЗАХИРА НАДОРЕМ…”

Аммо профессор Ваҳҳоб Воҳидов, коршиноси бахши кишоварзӣ ва собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон ҳосили 500 ҳазор тоннаро ҷуз орзу ва ҳисоботи беасос чизи дигаре намедонад.

Ҷаноби Воҳидов дар ин бора ба РО гуфт: «Ҳосили пахта имсол ҳудуди 400 ҳазор тонна мешавад. Касе, ки 500 ҳазор тонна даъво мекунад, охири сол агар нашавад, барои ин пешгӯии беасос бояд аз мақомаш барканор шавад. Ман ба қотеъият мегӯям, ки чунин захира надорем. Агар мо ҳудуди 40 ҳазор гектар майдони киштро зиёд кардем, аз он имкон дорем, ки 90 ҳазор тонна иловагӣ ба даст биорем, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 400 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.»

Профессор Воҳидов аз ироаи арқоми беасос дар бархе аз маворид аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ изҳори таассуф кард ва гуфт, ки ҳосили 310 ҳазор тонна пахтаи ҷамъоварӣ шуда дар соли гузашта низ барзиёдгӯӣ аст. Вай афзуд: «Аввал 310 ҳазор тонна пахта ҳисобот доданд, баъд мо ҳисобу китоби дақиқро ба роҳ мондем, маълум шуд, ки бархе аз ниҳодҳо дар ҳисобҳо иштибоҳ карданд ва ҳосили воқеии пахтаи соли гузашта 287 ҳазор тоннаро ташкил додааст.» 

ПАХТА-КОЛОИ СОДИРОТИИ ТОҶИКИСТОН


Ин дар ҳолест, ки аз ин миқдор пахта ҳудуди 100 ҳазор тонна нахи пахта ҳосил мешавад, ки яке аз колои содиротӣ ба  бозорҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Нахи пахта дар бахши содиротии Тоҷикистон 15 дарсадро ташкил медиҳад. Соли гузашта Тоҷикистон ҳудуди 80 миллион доллар нахи пахтаро ба бозорҳои берунӣ арза кардааст.

Ҳоло қимати нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ беш аз 3 ҳазор доллар барои як тонна аст ва агар ҳамин қимат боқӣ бимонад, деҳқонон имсол метавонанд фоидаи зиёд ба даст биоранд.

Дар ҳоле, ки имсол барои коркарду расонидани ҳосил дар як гектар деҳқон ҳудуди 1200 то 1300 доллари амрикоӣ масраф кардааст. Ва деҳқон метавонад аз ҳар тонна нахи пахтааш ҳудуди 1500 доллар фоидаи соф ба даст биёрад.


Каковы будут доходы дехкан от хлопководства?

В некоторых южных районах Таджикистана начался сбор хлопка раньше обычного.

В Академии сельскохозяйственных наук заявляют, что в республике может быть собран урожай в объем 500 тысяч сырца, в то время как независимые эксперты называют эти утверждения необоснованными, отмечая, что даже при расширении площадей в стране будет собрано порядка 400 тысяч тонн сырца.

Саиджамол Саидов, директор института растениеводства Академии сельскохозяйственных наук Таджикистана, сообщил, что в стране в этом году есть возможность собрать до 500 тысяч тонн сырца, если урожайность с каждого гектара будет составлять 27 центнеров.

Эти слова подтверждает Мухаммади Ормонов, начальник отдела технических культур и зерновых министерства сельского хозяйства республики Таджикистана.

«Во-первых, площади посевов расширены, во-вторых, урожайность хлопка высокая. Сейчас специалисты изучают урожайность во всех районах республики. Думаю, что эти прогнозы оправдаются», – сказал он в интервью Радио Озоди.

Однако профессор Ваххоб Вохидов, эксперт по сельскому хозяйству, считает необоснованным прогноз в 500 тысяч тонн хлопка-сырца, называя это мечтой.

«Урожай хлопка в этом году составит порядка 400 тысяч тонн. Тот, кто утверждает, что будет собрано 500 тысяч тонн и, если это не осуществится, должен уйти со своего поста за недостоверный прогноз. Я категорически заявляю, что у нас нет таких возможностей. Расширив площадь посевов только на 40 тысяч гектаров, мы имеем возможность собрать дополнительно только 90 тысяч тонн, что в целом составит около 400 тысяч тонн сырца», – сказал эксперт в интервью Радио Озоди.

Он утверждает, что при подведении результатов сбора хлопка в прошлом году были допущены ошибки. «Сначала отчитались, что собрано 310 тысяч тонн, однако при пересчете установлено, что некоторые структуры допустили ошибки при подсчете и реальная цифра собранного в прошлом году урожая оставляет 287 тысяч тонн», – сказал он.

Из общего объема, собираемого в Таджикистане хлопка-сырца, производится около 100 тысяч тонн волокна, являющегося одним из основных экспортных товаров, на долю которого приходится 15 в общем объеме экспорта республики. В прошлом году Таджикистан экспортировал волокна на 80 миллионов долларов.

В настоящее время цена одной тонны хлопка-волокна на мировом рынке достигает 3 тысяч долларов и, если эта цена сохранится, то дехкане Таджикистана могут получить до полутора тысяч долларов чистой прибыли с каждого гектара.

Зулфикор Исмолиён, Радио Озоди

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s