International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Либоси ягона барои зоирони Ҳаҷ. Made in Tajikistan

Leave a comment

Бознашр аз Радиои Озодӣ

Масъулони Кумитаи умури дини Тоҷикистон барои зоирони хонаи Каъба либоси ягона таҳия мекунанд.

Ин либоси ягона, ки барои мардон аз шиму костюм ва барои занон аз куртаи дарозу рӯймол иборат буда, рамзи Тоҷикистонро дорад, аз сӯи ширкати “Ёқут” омода мешавад ва қабл аз сафар барои зоирон дода хоҳад шуд.Як масъули Кумитаи дини Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин иқдом бо роҳи осонтаре пайдо намудани ҳоҷиёни тоҷик дар миёни миллионҳо зоирони хонаи Каъба будааст.Кумитаи дини Тоҷикистон барои таҳияи либоси ягона ва борхалтаҳои дастӣ барои ҳар кадом ҳоҷӣ каме бештар аз 50 доллар харҷ мекунад, ки онро аз ҳисоби пули пардохтаи зоирон хоҳад гирифт. Яъне, барои либосу борхалта зоирон дигарбора пули изофагӣ намепардозанд.

Ин барои нахустин бор аст, ки барои зоирони Ҳаҷ аз Тоҷикистон либоси ягона таҳия мешавад. Мақомот мегӯянд, чунин корро бархе аз кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Туркия таҷриба карда ва ҳоло низ идома медиҳад.

Имсол аз Тоҷикистон беш аз панҷ ҳазор нафар барои зиёрати хонаи Каъба мераванд. Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик рӯзи 15 октябр аз Душанбеву Хуҷанд ба самти Ҷидда тавассути ҳавопаймоҳои “СомонЭйр” ва “ТоҷикЭйр” парвоз хоҳанд кард.

Агар дар соли гузашта харҷи сафари ҳаҷ 3191 долларро ташкил медод, дар соли ҷорӣ ин қимат ба 3348 доллар расид. Бар замми ин, зоирон имсол пули Ҳаҷро на бо пули миллии сомонӣ, балки танҳо бо доллар пардохт карданд.

Made in Tajikistan. Единая форма для паломников

Комитет по делам религии Таджикистана разработал единую форму одежды для паломников.

На одежде, которая состоит для мужчин из легкого костюма с брюками, для женщин из длинного платья с платком, нанесены государственные символы Таджикистана. Она сшита компанией «Ёкут» и будет распределена среди паломников перед выездом.Как сообщили Радио Озоди в Комитете, основная цель нововведения – облегчение поиска самими паломниками своих попутчиков, если они потеряются среди других миллионов паломников.

Комитет по делам религии Таджикистана для разработки единой формы одежды и специальных вещмешков для каждого паломника потратило более 50 долларов, которые входят в стоимость оплаты поездки паломником.

Данные меры предприняты впервые. Власти заявляют, что таким же образом поступают некоторые страны мусульманского мира, в частности Турция.

В этом году из Таджикистана хадж совершат более пяти тысяч человек. Первые группы паломников вылетят из Душанбе и Худжанда по направлению в Джидду самолетами авиакомпаний «Сомон Эйр» и «Таджик Эйр» 15 октября.

Если в прошлом году общий объем расходов на совершение хаджа для каждого паломника составляла 3191 доллар, то в этом году это обойдется в 3348 долларов. Кроме того, паломники все расходы возмещали не в национальной валюте – сомони, а в долларах США.

Радио Озоди

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s