International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коркарди пӯст роҳандозӣ мешавад

Leave a comment

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Баъди дар Тоҷикистон манъ шудани содироти чарму пӯст, ҳар сол ҳаҷми коркарди пӯст меафзояд. Бинобар моҳи июни соли ҷорӣ ба охир расидани эътибори манъи ба хориҷа баровардани пӯст, Вазорати энергетика ва саноати ҶТ як қатор ҳуҷҷатҳоро дар мавриди тамдид намудани манъи содироти пӯст ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва энергетикаи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мувофиқи суханони манбаъ, қабл аз тасдиқи ҳуҷҷатҳои ба Ҳукумати ҶТ пешниҳодшуда онҳо дар вазорату идораҳои дахлдори кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зиёда аз ин, дар ҷумҳурӣ коркарди пурраи пӯст роҳандозӣ мешавад. Ин ба корхонаҳои кишвар имкон медиҳад, ки таҷҳизоти технологиро нав карда ва ба усули пурраи коркарди пӯст ва тавлиди маҳсулоти чармин машғул шаванд.

Қобили зикр аст, ки алҳол дар ҷумҳурӣ марҳалаи аввали коркарди чарм бо усули ветблю ва пикел рӯи кор оварда мешавад. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои аз кормонда боз ба кор шурӯъ карда, ду корхонаи нави коркарди чарм ва як корхонаи пашм ба истифода дода шудааст. Алҳол дар ҷумҳурӣ 8 корхонаи хурди коркарди пӯст фаъолият дорад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s