International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкорони мо: Оғозбахши саноати дӯзандагӣ дар Тоҷикистон

Leave a comment

Муфассал ва бо иттилооти тоза дар бораи ҳамкори мо бо забони инглисӣ бихонед

Ҳамчунин, мухтасари ин матлаб бо забони русӣ ҳам дастрас аст

Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Гулистон» нахустин корхонаи соҳаи саноати дӯзандагии Тоҷикистон буда, дар соли 1933  бунёд шудааст. Дар ҳоли ҳозир, корхона асосан ба истеҳсоли ҷинсҳои мардонаву занона ва кӯдакона машғул мебошад. Ин корхонаро бо маҳсулоти баландсифат ва иқтидораш барои иҷроиши фармоишҳои алоҳида ва инфиродӣ низ мешиносанд. Хайрулло Саидов, муовини мудири кулли «Гулистон», мегӯяд “пас аз бозсозии пурра ва нав кардани таҷҳизоти истеҳсоливу боло бурдани малакаи кормандон мо ҳамаи шароит ва имконотро дорем, то ба талаботи гуногуни муштариёнамон дар бозори маҳаллӣ ва беруна посух гуфта тавонем.»

Бино бар маълумоте, ки ҷаноби Саидов ба ихтиёри варақаи иттилоотии МБТ гузошт, наздик ба 95 дарсади маҳсулоти корхона имрӯз ба Русия содир мешавад. «Гулистон» ҳамчунин ба бозори Қазоқистон низ таваҷҷӯҳ доштааст. Ин корхона қодир аст, ки солона то се миллион адад маҳсул тавлид бикунад, вале, феълан, ба қавли муовини мудири куллаш, аз 60 дарсади зарфияташ истифода мебарад. Имрӯз беш аз 630 нафар дар корхона соҳиби ҷойи кор будаанд. Матоъ барои маҳсулотро аз Туркия, Индонезия, Ҳонконг ва Покистон меовардаанду, қисман аз матоъҳои Тоҷикистон ҳам истифода мекардаанд.

Мушовирони МБТ ҳангоми боздиди охиринашон аз корхона аз таҷҳизоти замонавӣ, назорат аз болои сифат, хадамоти хуб роҳандозишудаи коркард, маҳсулоти баландсифат ва сатҳи баланди малакаи кормандон қадрдонӣ карданд. «Гулистон» яке аз камтарин корхонаҳои соҳа дар ҷумҳурист, ки торнамои хуб тарҳрезишудаи худро дорад – www.guliston.tj.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s