International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Ёқут-2000” ҳоҷиёни тоҷикро рақамгузорӣ мекунад

Leave a comment

Корхонаи дӯзандагии «Ёқут-2000» барои зоирини тоҷик 6200 дона борхалта омода намуд.

Бино  ба  гуфтаи  Абдуҳалим Қодиров, директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут -2000», ҳар кадоме ин ҷомадонҳо ва борхалтаҳои китфандоз ба ҷуз акси парчами Тоҷикистон, ҳамчунин, рақами мушаххас дорад.

Ин имкон медиҳад, ҳангоми маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ, ки беш аз 2 миллион зоирони ҳаҷ аз гӯшаю канори олам ҷамъ меоянд, зоирини тоҷик ҳамдигар ва борхалтаи хешро гум накунанд.

Дар сурати гум шудан ҳам, аз рӯи парчами Тоҷикистон ва рақами мушаххас дарёфт кардани ҳоҷии тоҷик осонтар хоҳад шуд.

Айни замон ин маҳсули “Ёқут-2000” омодааст ва як миқдори иловагии борхалтаҳо бе тамғаю рақам ба фурӯши озод бароварда шудааст. – Ба хотири хушсифат ва арзон будан,  борхалтаҳо зуд харидори худро ёфтаанд,- мегӯяд Абдуҳалим Қодиров.

Зайнуддин Орифӣ, ТоҷНюз

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s