International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозхӯрдҳои ширкатдорони “Текстиллегпром”

Leave a comment

Даҳ ширкат аз Тоҷикистон дар яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федеросюни Русия – дар намоишгоҳи “Текстиллегпром”, дар шаҳри Маскав, иштирок карданд. Тафсилоти бештар ин ҷост, аксҳо ин ҷост, бозхӯрдҳо бо инглисӣ ва русӣ низ дастрасанд.

Насим Каримов, “Tекстайл Сити”: “Мо аз “Текстиллегпром” бо дастовардҳои назаррас баргаштем. Бо ширкати маскавии “ДВИГап” ба маблағи як миллион доллар ва бо ширкати дигари маскавии “Швейпромсервис” ба маблағи 500 000 доллар, ҳамчунин, бо ширкати қирғизии “E-Line moda” дар ҳаҷми 100 000 доллар шартнома барои ирсоли мол бастем. Мо бояд нигоҳҳои кӯҳнаи худро ба олами мӯд дигар кунем ва сари бартараф кардани иштибоҳҳои худ кор кунем. Маҳсулот аз нигоҳи сифати матоъ ва намуна бояд ба равандҳои замонавии мӯд мутобиқ бошад. Бояд, ҳамчунин, ба дизайни девора ва маводи тарғиботиямон низ аҳаммият бидиҳем”.

Шаҳло Обидҷонова, “Олим Текстайл”: “Сипоси бекарон ба МБТ барои мусоидат дар иштирок дар намоишгоҳи “Текстиллегпром”. Мо аз он ҷо бо се шартнома оид ба ирсоли, дар маҷмӯъ, 700 тонна нахи пахта баргаштем. Яке аз корхонаҳои ҳамкорамон маҳсулоти моро барои истеҳсоли матоъ барои шабакаи маъруфи тиҷоратии “ИКЕА” истифода хоҳад бурд”.

Қиёмиддин Садриддинов, “ХИМА Текстайл”: “Ман ба хулосае омадам, ки бояд дар Русия намояндагии худро боз бикунем ва анборҳои худро дошта бошем. Дар оянда инро ба инобат мегирем. Намоишгоҳ ба мо имкон фароҳам овард, то аз харидорони нахи пахта ва тавлидгарони либос огаҳӣ ёбем. Бо ширкатҳои “Olimpex” ва “AGM” (ҳар ду аз Туркия), “Imlitex Textile” (Литва) ва “Schoeller” (Австрия) тамос барқарор намудем”.

Мирсаид Қодиров, “Ноҳид”: “Бештаре аз меҳмонони девораи мо бар муҳим будани мавҷудияти намояндагии мо дар Маскав таъкид мекарданд, то ҳамкорӣ осонтар шавад. Ҳамчунин, ба андешаи ман, бояд ирсоли бевоситаи молҳоро аз анборҳои воқеъ дар худи Маскав роҳандозӣ кард. Ҳамчунин, бароямон ҷамъоварии иттилоот оид ба арзишҳо ва маҳсулоти рақибони бевоситаамон аз Узбакистон барои муқоиса ҷолиб буд. Ман, ҳамчунин, дар ҷараёни намоишгоҳ чанд дидоре бо намояндагони ширкатҳои русӣ доштам”.

Мунир Султонов, “Лидер”: “Дар ин намоишгоҳ муштариёни эҳтимолии зиёде надидем, шояд аз мавзеъи девора вобаста буд. Ба андешаам, беҳтар мебуд агар дар ягон намоишгоҳи вижаи варзишӣ иштирок бикунем. Ба ҳар навъ, тавонистем, ки дар намоишгоҳи Маскав чанд тамосе барқарор кунем”.

Аслан Нуриддинов, “Гулистон”: “Мо нақша дорем, ки дар Маскав намояндагӣ боз бикунем ва чанд анбореро ҳам барои маҳсулоти худамон ба иҷора бигирем. Ин намоишгоҳ бароямон хеле пурбор буд, чун бо фаъолиятҳои ширкатҳои дӯзандагии русӣ ва туркӣ ошноӣ пайдо кардем. Ҳамчунин, бо ширкати “Атмосфера” барои ирсоли маҳсулот ба Беларус як созишномаи муқаддамотӣ низ имзо кардем”.

Бахтиёр Муҳиддинов, “Неку Хуҷанд”: “Дар ҷараёни намоишгоҳ ба чунин хулоса омадем, ки дар Русия намояндагии худро боз кунем ва ҳузури худро дар бозори он ҷо бо афзудани содироти нахи пахта ва ҷӯробҳо тақвият бахшем. Доир ба тавлидгарони ҷӯробу маҳсулоти нассоҷӣ низ иттилооти зиёде гирифтем. Бо чанд ширкати русиву туркӣ дар мавриди ҳамкориҳо дар оянда ба тавофуқи қаблӣ расидем”.

Алексей Попов, “Лидер”: “Мо ба намоишгоҳ сару либоси варзишӣ, ба мисли кимоно, ва маҳсулоти пӯстии варзишӣ ба монанди дастпӯшҳо ва таҷҳизоти дигар оварда будем. Вале шумори онҳое, ки ба маҳсулоти варзишӣ таваҷҷӯҳ доштанд, кам буд. Намоишгоҳ умедҳои моро бароварда накард. Бисёре аз боздидкунандаҳо кортҳои муаррифӣ надоштанд, ки ҷиддӣ набуд. Вале мо талош мекунем, то он тамосҳоеро, ки дарёфт кардем, истифода бикунем. Ҳамчунин, ман мефикрам, ки дар ин намоишгоҳ мо дониши худ оид ба бозори Русияро боло бурдем. Бояд инро низ бигӯям, ки дар намоишгоҳ духтарони зебо зиёд буданд”.

Анжела Воҳидова, “Олим Текстайл”: “Текстиллегпром” барои мо хеле муфид буд, чун имкон доштем, то бо ниёзу талаботи бозори Русия ва маҳсулоти ширкатҳои русӣ шинос шавем. Мехоҳем, маҳсулоти худро ба бозори Русия бештар ворид кунем ва шартномаҳо бандем. Дар ҷараёни намоишгоҳ ширкати русии “Красная Поляна” ба маҳсулоти мо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ нишон дод. Онҳо намунаҳои маҳсулоти моро бо худ гирифтанд ва изҳор доштанд, ки омодаи имзои қарордоди ҳамкорӣ ҳастанд. Як ширкати лаҳистонӣ низ омодагӣ барои имзои шартнома нишон дод. Ба МБТ барои фароҳам овардани ин имкон сипос мегӯям”.

Шероз Зиёбоев, “Зинат”: “Намоишгоҳ ба мо имкон дод, то маҳсулоти худро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба намоиш барорем ва аз ин роҳ ҳар чӣ муштариёни эҳтимолии бештарро ҷалб бикунем. Ҳамчунин, имкон доштем, то бо ширкатҳои дигар табодули таҷриба намоем. Барои тавсеаи пойгоҳи додаҳои муштариён низ ин намоишгоҳ муфид хоҳад буд. Мо, ҳамчунин, дониши худро оид ба бозори Русия боло бурдем”.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s