International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоидат ба Тоҷикистон дар узвият ба СҶТ

Leave a comment

Манфиатҳо ва чолишҳо аз узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ), таҷрибаи кишварҳои дигар аз раванди гуфтушунидҳо ва узвият дар ин созмони ҷаҳонӣ, ҳамчунин, гуфтушунидҳо дар мавриди рақобатпазирии хидматрасониҳои молиявӣ ва озодсозии онҳо дар маркази таваҷҷӯҳи ду чорабиние хоҳанд буд, ки барои рӯзҳои 16-ум ва 17-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаанд.

Поддержка Таджикистану во вступлении в ВТО

Давраи омӯзишӣ бо унвони «Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар СҶТ– гуфтушунидҳо дар мавриди хидматрасониҳои молиявӣ ва озодсозии онҳо» пасфардо, рӯзи 16-уми октябри соли равон дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Чорабинии дуввум «Омодагӣ ба хидматрасониҳои рақобатпазири молиявӣ: Қоидаҳо ва таҷрибаи байнулмилалӣ» ном дошта, рӯзи 17-уми октябр дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Ҳар ду чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СҶТ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ менамояд. Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва соҳибкорони тоҷик тӯли ду рӯз масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи молиявӣ, масъулиятҳои марбут ба хидматрасониҳои молиявӣ, ва ҳамчунин, таҷрибаи кишварҳои дигарро аз узвият дар СҶТ баррасӣ мекунанд. Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Сандуқи байнулмилалии пул ва Маркази байнулмилалии тиҷорат ба ширкатдорони чорабиниҳо аз таҷрибаҳо ва донишҳои худ аз масоили марбут ба узвият дар СҶТ ва хидматрасониҳои молиявӣ нақл хоҳанд кард.

Хуан Маркетти аз Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ба ширкатдорони чорабинии аввал аз манфиатҳое хоҳад гуфт, ки барои кишвар аз озодсозӣ ва ислоҳот ҷиҳати рушди рақобатпазирии соҳаи молиявӣ ҳосил хоҳанд шуд ва ин ҳам тавассути беҳсозии дастрасӣ ба қарзҳо, хидматрасониҳои самаранок ва боътимод, ҳамчунин таҷриба ба даст хоҳад омад. Ӯ мегӯяд: «Мо, ҳамчунин, аз мушкилҳое хоҳем гуфт, ки дар кишварҳои дигар дар раванди озодсозӣ рӯ задаанд ва бо кадом роҳҳо бартараф шудаанд. Ба мавзӯъи узвият дар СҶТ ва хидматрасониҳои молиявӣ, ҳамчунин, ба мавзӯъи масъулиятҳои кишварҳое, ки ахиран узви СҶТ шудаанд, таваҷҷӯҳ хоҳад шуд». Ҷаноби Маркетти боз шарҳ хоҳад дод, ки масъулиятҳои марбут ба хидматрасониҳои молиявӣ чӣ гуна дар гуфтушунидҳои раванди узвият дар СҶТ матраҳ гарданд. Муколамаи давлат бо бахши хусусӣ дар иртибот бо гуфтушунидҳои узвият дар СҶТ дар бастагӣ ба масъулиятҳои хидматрасониҳои молиявӣ низ дар нишаст матраҳ хоҳад гардид.

Чорабинии дуввум дар мавриди таъсири Созишномаи умумии СҶТ оид ба тиҷорати хидматрасониҳо (ГАТС) ба фароҳамсозони хадамоти молиявӣ хоҳад буд. Роҳандозии бандҳои ин Созишнома дар кишварҳои дигари узви СҶТ ҳангоми озодсозии хидматрасониҳои молиявӣ ва манфиатҳову чолишҳои ин раванд низ матраҳ хоҳад шуд. Ари Айсен, намояндаи Сандуқи байнулмилалии пул, бо тасвири вижагиҳои соҳаи молиявии Тоҷикистон ва раванди рушди низоми бонкии кишвар, талош хоҳад кард, то шарҳ бидиҳад, ки чаро ин низом дар марҳилаи феълии худ қарор дорад, сиёсати ислоҳоти соҳа дар кадом вазъ аст ва ин ҳама чӣ гуна дар иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳимтареро хоҳанд бозид? Дар нишаст, ҳамчунин, хадамоти маблағгузории тиҷорат дар Тоҷикистон бо хидматрасониҳои молиявӣ дар кишварҳои дигар муқоиса хоҳад шуд. Карло Каттанӣ, мушовири МБТ, мегӯяд: “Мо ба сохтори идеалие таваҷҷӯҳ хоҳем кард, ки бояд роҳандозӣ шавад, то хидматрасонии самараноки маблағгузории тиҷоратро таъмин бикунад. Дар ин кор бояд ба таҷрибаи кишварҳои дигар, ки ин хидматраосниҳо хеле ҳам самараноканд, такя намуд. Мо, ҳамчунин, ба абзору василаҳои асосӣ ва маҳсулоти молиявӣ барои содироту воридот муруре хоҳем кард, то бубинем, ки онҳо ба чӣ ислоҳоте ва чӣ қонуну қарорҳои наве ниёз доранд”.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Палатаи савдо ва саноати кишвар, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои ироагари хадамот амалӣ мешавад. Он бахше аз Барномаи СЕКО оид ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон буда, мусоидат ба иҷрои ислоҳоти маҷмӯъӣ дар ин кишвар ҷиҳати узвият дар СҶТ-ро ҳадаф қарор додааст. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ пуштибонӣ мекунад.

Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) як созмони байнулмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим мекунад, то ба ин васила ба истеҳсолкунандагон, ироагарони хадамот, содиркунандаҳо ва воридкунандаҳо дар тиҷораташон мусоидат кунад. Дар ҳоли ҳозир, 157 кишвар узви СҶТ мебошанд. Боз 27 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, дархости узвият ба СҶТ кардаанд ва дархости онҳо дар марҳилаҳои гуногуни баррасӣ қарор дорад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s