International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Таиланд

Leave a comment

Намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, ки фаъолияташон ба Созишномаҳои СҶТ оид ба чораҳои санитарӣ-фитосанитарӣ (СФС) ва монеаҳои техникӣ дар тиҷорат (ТБТ) дахл дорад, ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолият ва таҷрибаи ниҳодҳои марбут ба СФС ва ТБТ-и Таиланд аз 26-уми октябр то 4-уми ноябри соли 2012 аз ин кишвар боздид мекунанд.

Намояндагони Ниҳоди миллии огоҳсозӣ (НМО) ва Марказҳои миллии иттилоотӣ (ММИ) оид ба ТБТ ва СФС, Иттиҳоди соҳибкорон ва содиркунандаҳои Тоҷикистон, ҳамчунин, мушовирони миллии Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) дар ҷараёни сафари худ бо фаъолиятҳои кунунӣ, таҷрибаҳои беҳтарин ва роҳҳои мудирияти НМО ва ММИ дар Таиланд шинос мешаванд. Ҳайъати Тоҷикистон, ки аз 7 нафар, аз ҷумла, корманди лоиҳаи МБТ иборат аст, ҳамчунин, бо фаъолият ва таҷрибаи бахши хусусии Таиланд, ки ба интишори маълумот оид ба стандартҳои феълӣ ва пешниҳодӣ, қоидаҳои техникӣ, тартиби баҳогузории мутобиқат ва чораҳои СФС машғуланд, шинос хоҳанд шуд.

Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Шиям Кумар Гуҷадур, мушовири байнулмилалии МБТ оид ба ТБТ ва СФС, мегӯяд, ҳадаф аз ин сафари омӯзишӣ беҳтар намудани самаранокии фаъолиятҳои НМО ва ММИ-и Тоҷикистон оид ба ТБТ ва СФС, ҳамзамон, рушди тавоноии ширкатҳои хусусӣ, ки бо ин ниҳодҳо ҳамкорӣ мекунанд, мебошад, то муштаракан ин ҳама ниҳоду созмонҳо масъулиятҳои худро дар қиболи таъмини шаффофияти Созишномаи СҶТ оид ба ТБТ ва СФС иҷро бикунанд. Ҷаноби Гуҷадур мегӯяд, “Ҳайъат аз Пажӯҳишгоҳи стандартҳои саноатии Таиланд, Дафтари миллии стандартҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва меъёрҳои хӯрокворӣ, ва ширкатҳои хусусӣ, ки ба интишори маълумот оид ба меъёрҳои феълӣ ва пешниҳодӣ, қоидаҳои техникӣ, тартиби баҳогузории мутобиқат ва чораҳои СФС машғуланд, боздид мекунанд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Гуҷадур, сабаби интихоби Таиланд дар он аст, ки НМО ва ММИ-и ин кишвар фаъолиятҳои худро пурра ба роҳ мондаанд, таҷрибаи мизбонии чунин давраҳои омӯзиширо доранд ва сохтори онҳо ҳамчун як намунаи хуб метавонад мавриди истифода қарор бигирад. Ӯ мегӯяд: “Дар чаҳорчӯбаи ин сафар мақомоти таиландӣ ба меҳмонон аз Тоҷикистон фаъолиятҳои ҳаррӯзаи худро нишон ва шарҳ хоҳанд дод, аз он ҷумла, чӣ гуна бояд огоҳ намуд, чӣ гуна бояд огоҳиномаҳои кишварҳои дигари узви СҶТ-ро пайгирӣ намуд, ба дархостҳо чӣ гуна бояд посух дод, мукотиба ва пешбурди фаъолиятҳои худро чӣ гуна бояд ба роҳ монд ва ғ.”.

Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад. Ин тарҳ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии он кишвар дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s