International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон 10-уми декабр вориди СҶТ мешавад

Leave a comment

Маросими дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, 10-уми декабри соли равон дар қароргоҳи СҶТ дар шаҳри Женева баргузор мегардад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ин маросим ва ҷаласаи Шӯрои генералии СҶТ дар шаҳри Женеваи Швейтсария қарор дорад.

Баъди маросими дохилшавӣ, чанд моҳ пас, яъне дар нимаҳои соли 2013-ум Тоҷикистон ба узви комилҳуқуқи СҶТ табдил меёбад. Айни ҳол ин созмон 157 кишвари дунёро дар бар гирифта, Тоҷикистон 158-умин узви он хоҳад шуд. Ҳудуди 90 дарсади додугирифт дар ҷаҳон аз рӯи қоидаҳои ин созмон сурат мегирад.

Тоҷикистон ҳанӯз моҳи майи соли 2001 ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) дархост оид ба дохилшавӣ ирсол намуда буд.

Барои узвият дар ин созмон Тоҷикистон розӣ шудааст, ки баландтарин ҳадди боҷи воридотии худро 8.0 дарсад таъин кунад ва аз талаби ҳама гуна пардохтҳои дигар даст кашад.

Ҳоло ин боҷ барои маҳсулоти кишоварзӣ 10.4 ва ғайри кишоварзӣ 7.8 дарсад аст. Тоҷикистон ҳамчунин ваъда додааст, аз амалҳое даст кашад, ки ҳаққи ворид кардани молу колоро ба ин кишвар маҳдуд мекунанд. Он акнун ба татбиқи яксони талабҳои СҶТ дар саросари кишвар, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мавзеъҳои наздимарзӣ иқдом хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон аз аввали раванди дохилшавӣ ба СҶТ  то ба имрӯз зиёда аз 100 адад ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба талаботи созмони мазкур  қабул гардидаанд. Аз ҷумла дар ин марҳила Кодексҳои гумрук, андоз, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии судии иқтисодӣ, қонунҳо дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, низоми иҷозатномадиҳӣ ва ғайра мавриди амал қарор дода шуд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s