International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

СУХАНРОНИИ Э.РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ДОХИЛШАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ САВДО

Leave a comment

Суханронӣ ба муносибати дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо

 10.12.2012 Ховар 

Муҳтарам Раиси Шӯро!
Муҳтарам намояндагони кишварҳои аьзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд.

Имрӯз – 10 декабри соли 2012, яъне санаи дохилшавии кишвари мо ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимест, ки бевосита ба рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа мусоидат мекунад.

Аз фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам ба дӯстон ва шарикони ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон, ки моро дар раванди дуру дароз ва мушкили воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҳамроҳӣ карданд, миннатдории самимии худро баён намоям.

Ман инчунин ба Котиботи созмон таҳти роҳбарии Директори Генералии он ҷаноби Паскал Лами барои дастгирии пайвастаашон изҳори сипос менамоям.

Дар баробари ин арзи сипоси мардуми тоҷикро барои дастгирии беғаразонаи молиявию техникӣ ба кишварҳои донор ва созмонҳои байналмилалӣ расониданӣ ҳастам.

Маҳз бо кӯмаку дастгирии шумо мо тавонистем низоми тиҷорати худро бо қоидаҳои байналмилалии савдо мутобиқ намоем ва ба идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мазкур умедвор ҳастем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 11 сол муқаддам барои шомил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дархост пешниҳод намуда буд.

Гумон мекунам, ки ин яке аз қадамҳои устувор ва мантиқан дурусти гузариши кишвари мо ба иқтисоди бозорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин муддат аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мутобиқ намудани қонунгузории мамлакат як силсила корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои мардуми кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

Принсипҳои созмони мазкур, махсусан доир ба эҳтироми ҳуқуқҳои ҳамдигар ва таъмини шаффофияти муносибатҳо ба принсипҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳамсон мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дорои иродаи қавии сиёсии гузариш ба иқтисоди бозориест, ки он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамаҷониба ҳамоҳангу созгор бошад.

Ислоҳотеро, ки то имрӯз бо мусоидати котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мо дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва иқтисодиёти кишвар бо мақсади ҳамгироӣ ба низоми бисёрҷонибаи савдо анҷом додем, ба кишвари мо имконият фароҳам овард, ки ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ба низоми тиҷорати глобалӣ дилпурона ворид гардем.

Иқдомоти мазкур барои тиҷорати дохиливу хориҷӣ муҳити озод, шаффоф ва ғайридискриминатсиониро фароҳам меоранд.

Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки ба бандарҳои баҳрӣ бевосита роҳи баромад надорад, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошанд.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ ва азнавсозӣ идома ёфта, мақсад аз татбиқи онҳо гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад.

Раванди воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадафҳо яке аз воситаҳои муҳим буд.

Ин раванд ба Тоҷикистон имкон дод, ки таҷриба ва қоидаҳои дар ҷаҳон эьтирофшудаи савдои байналмилалиро татбиқ намояд ва иқтидори институтсионалии кишварро афзун созад.

Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки мо раванди воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро ҳамчун оғози марҳалаи тӯлонии дарпешистода меҳисобем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аъзо минбаъд ӯҳдадориҳои гирифтаашро ба ҷо оварда, муқарраротеро, ки аз талаботи ин Созмони бонуфуз бармеоянд, пурра риоя хоҳад кард ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи он самаранок иштирок хоҳад намуд.

Инчунин кишвари мо интизори ҳамкории судманд бо дигар аъзои он буда, муносибатҳои худро бо ин созмони ҷаҳонӣ густариш хоҳад бахшид.

Бо итминони комил зикр месозам, ки Тоҷикистон узвияти худро ҳамчун воситаи таъмини рушди минбаъдаи иқтисод ва ояндаи неки мардуми кишвар истифода хоҳад кард.

Дар ин самт аллакай як қатор тадбирҳо пешбинӣ гардидаанд ва мо ният дорем соли 2013 оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ва савдо конфронсе баргузор намоем, ки он самараҳои мусбати иқтисоди бозорӣ дар кишварро тақвият бахшида, ба ҷаҳониён хабари омодагии доимии моро ба ҳамкории иқтисодӣ хоҳад расонид.

Дар баробари ин бояд зикр сохт, ки бо дарназардошти шартҳои дар ҳуҷҷатҳои роҷеъ ба масъалаҳои воридшавӣ дарҷгардида Тоҷикистон узвияти худро дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бесаброна интизор буд ва дар ин замина ислоҳоти иқтисодиро идома хоҳад дод.

Ҳукумати Тоҷикистон сафари намояндагони Котиботи созмонро ба мамлакати мо, ки дар ҷараёни он меҳмонон назари худро оид ба маҷмӯи ҳуҷҷатҳои воридшавӣ пешниҳод намудаанд, муҳим арзёбӣ менамояд.

Мехоҳам таъкид созам, ки ҳуҷҷатҳои воридшавӣ дар маҷмӯъ ҷавобгӯи манфиатҳои рушди мамлакат мебошанд.

Дар охир қайд карданиам, ки ҳамкории зич бo ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳамроҳшавӣ ба низоми савдои бисёрҷониба барои иқтисоди рушдкунандаи Тоҷикистон ҳаётан муҳим аст.

Қабули қарор дар асоси ризоияти умум яке аз хусусиятҳои фарқкунанда ва асоси пойдории Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад.

Ман аз номи худ ва мардуми тоҷик ба ҳамаи аъзои созмон барои дастгирии якдилонаи Тоҷикистон дар раванди воридшавии он миннатдорӣ баён менамоям.

Ташаккур!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s