International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санади узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат имзо шуд

Leave a comment

Нимаи дувуми рӯзи 10-уми декабр созишномаи узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (WTO) ба имзо расид.

Тоҳири Сафар, www.ozodi.org 

10.12.2012

Шӯрои Умумии Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар изҳороти худ дар Женева эълом дошт, ки бастаи асноди узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳодро ба тасвиб расонд ва акнун то 7-уми июни соли 2013 созишномаи дуҷониба бояд аз тарафи Тоҷикистон ба тавсиб расад ва баъд аз як моҳи ин воқеа, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба шумор хоҳад рафт.

Мудири кулли созмон Паскал Ламӣ ба ин муносибат гуфт: “Вақте Тоҷикистон назми тасвиби санадҳоро ба ҷо овард, ба 159-умин узви оилаи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат иабдил хоҳад ёфт. Барои Тоҷикистон, як кишвари хурд ва дар иҳотаи хушкӣ. увурд ба СҶТ роҳест ба сӯи иқтисоди ҷаҳонӣ. Барои СҶТ ин як қадами дигар ба самти ҳамагонӣ будан ва аломати эътимод ба арзиш ва имтиёзҳои низоми тиҷорати чандтарафа аст.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон,Эмомалӣ Раҳмон эълом дошт, “имрӯз барои таърихи Тоҷикистон як рӯзи муҳим аст, ки таҳдоби устувори рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии пойдорро фароҳам овард. Додани аризаи узвият дар СҶТ 11 сол пеш бароии Тоҷикистон қадами дурусте ба пеш барои табдили худ ба иқтисоди бозор буд. Тоҷикистон узвияти худро дар СҶТ ҳамчун василаи рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва шукуфоӣ истифода хоҳад кард.”

Кишварҳои узви СҶТ поёни барномаи узвияти Тоҷикистон дар ин созмонро табрик гуфтанд. Тоҷикистон 29-уми майи соли 2001 барои узвият дар СҶТ ариза дода буд ва гуфтушуниди сари ин масъала аз ҷониби ду тараф 26-уми октябри соли 2012 ба поён расид.

Дар гуфтӯгуи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, Кейт Роквелл, сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, айвастани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро хабари хубе барои ҳарду тараф хонд ва дар оғози суҳбат гуфт:

“Тоҷикистон кишварест, ки аломатҳои хубе аз рушди иқтисодиаш нишон медиҳад. Тиҷораташ соли гузашта 20 дарсад афзоиш ёфтааст. Аксари ҳамсояҳои Тоҷикистон дар ин авохир ба Созмони Ҷаҳонии  Тиҷорат пайвастаанд ва ё дар ҳоли пайвастан ба ин созмонанд. Бо пазируфтани Тоҷикистон, кишварҳои узви созмон ба 158 адад хоҳад расид. Ин хабари хубе барои мо ҳаст ва ба эътиқоди ман хабари хубе барои Тоҷикистон низ.”

Озодӣ: Тоҷикистон аз узвият ба ин созмон чӣ баҳра хоҳад бурд?

Кейт Роквелл: “Тоҷикистон аз узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат манфиати зиёде хоҳад гирифт. Яке аз онҳо бо иҷрои як низоми возеҳу шаффоф, ки бар тибқи меъёрҳои байналмилалӣ асос ёфтааст, Тоҷикистон ба як ҷойи дилкаштар барои сармоягузорони хориҷӣ табдил хоҳад шуд. Мо намунаҳои зиёде аз ин дорем, дар мисоли Чин, Арабистони Саудӣ, ё Вйетнам ва тамоми намунаҳои дигар. Баъди ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пайвастани ин кишварҳо сармоягузории хориҷӣ дар онҳо дар муддати ду-се сол зиёд шудааст ва мо интизор дорем, ки айни ҳамин дар Тоҷикистон ҳам хоҳад шуд.”

Озодӣ: Аммо айни замон баъзе аз иқтисоддонҳои Тоҷикистон ибрози нигаронӣ мекунанд, ки пайвастани кишварҳои хурде ба мисли Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат сабаби фалаҷ шудани соҳибкорони дохилӣ мешавад ва ё дар  маҷмӯъ зарарҳо аз ин созмон нисбат ба манфиатҳояш бештар аст?

Кейт Роквелл: “Вақте кишварҳои хурд берун аз системаи ягонаи меъёрҳои тиҷоратӣ амал мекунанд, дар тиҷорат бо кишварҳои бузургтар маҷбур мешаванд ба диктаи онҳо гӯш кунанд. Аммо дар дохили Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат меъёрҳои бозӣ дар дохили созмон ягона аст. Мо меъёрҳои тиҷоратро дар дохили ин созмон бар асоси ризоияти умумӣ таъин мекунем, ки маънии ба инобат гирифтани манофеи миллии тамоми кишварҳои узвро дорад. Яъне, ҳар кишвар ҳарчӣ хоҳад ба даст намеорад ва ин гуна  тақозо дар системаи чандҷониба ба кор намеояд. Вале айни замон кафолат медиҳад, ки ҳар кишвар бар асоси меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ҳуқуқи худро дифоъ кунад, ки айни замон системаи озмудашудаи ҳалли баҳсҳои тиҷоратиро дорад.”

Озодӣ: Тоҷикистон баъди 11 соли музокирот ба Созмони Ҷаҳони Тиҷорат пайваст. Магар ин мӯҳлати тӯлонӣ нест ва ё музокироти аз ин ҳам тулонӣ будаанд?

Кейт Роквелл: “Музокирот ба баъзе аз кишварҳои дигар дарозтар будаанд. Алҷазоир аз Тоҷикистон пештар дархости узвият ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ карда буд, вале то кунун музокирот бо онҳо ниҳоӣ нашудааст.  Вуруди Русия, Чин вақти бештареро гирифт. Суръати пайвастан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба манобеъву амалкарди кишварҳои хоҳони узвият вобаста аст. Он кишварҳо возеҳан бояд бо анҷоми ислоҳот бояд низоми тиҷораташро бо меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ кунад. Ин кор метавонад бо мушкилоти гуногуне ҳамроҳ бошад, бо масоили қонунгузорӣ ва ё сиёсӣ ва аз ин хотир ин ислоҳотҳо фурсат металабанд. Агар вуруд ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат тӯлонитар шавад, боке нест, муҳим он аст, ки корро дуруст анҷом диҳед.”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s