International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши ҷомеаи байнулмилалӣ дар раванди узвияти Тоҷикистон ба СҶТ

Leave a comment

Бегоҳи дирӯз, 10-уми декабр, пас аз он ки ҳамаи аъзои Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) бастаи санадҳои вурудии Тоҷикистонро қабул карданд, Шӯрои умумии СҶТ дар нишасти худ дар шаҳри Женева узвияти Тоҷикистон ба ин созмонро тасдиқ намуд.  

Ин қадами ниҳоии раванди узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат буд, ки пас аз гуфтушунидҳои дуҷонибаву чандҷонибаи даҳсола анҷом пазируфт. Ҳамакнун, Порлумони Тоҷикистон бояд то 7-уми июни соли 2013 узвияти кишварро ба СҶТ тасвиб бикунад ва пас аз 30 рӯзи огаҳ кардани СҶТ аз тасвиби узвият дар порлумон, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмон мегардад. Аз замони узвият бад он сӯ, Тоҷикистон муваззаф хоҳад буд, то ҳамаи созишномаҳои СҶТ-ро дар ҳудуди кишвар пиёда намояд.

Ҷаноби Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон, ниҳоди калидӣ дар гуфтушунидҳои СҶТ, мегӯяд, “узвият дар СҶТ ба кишвари мо имкон хоҳад дод, то ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми тиҷорати саросарӣ амиқтар бипайвандад ва барои тиҷорати даруна ва беруна фазои боз, шаффоф ва бидуни табъизро фароҳам биоварад. Ман мутмаинам, ки кишвар ҳамчун узви СҶТ аз истифодаи тиҷорат ба ҳайси василае барои рушд ва афзоиш манфиат меёбад”.  

Роҳ ба сӯи узвият ба СҶТ дароз ва пур аз чолиш буд ва қадами нахустин бо ирсоли дархости расмӣ дар таърихи 29-уми майи соли 2001 гузошта шуд. Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод (СЕКО) аз оғози раванд дар соли 2001 ба Тоҷикистон дар ин росто ёрии фаннӣ мерасонад. Барои солҳои зиёде СЕКО ягона созмоне буд, ки ба Тоҷикистон дар ин самт кӯмак мерасонид ва то имрӯз дар ҳаҷми тақрибан 3 миллион франки швейсарӣ барои мусоидат ба Тоҷикистон дар узвият ба СҶТ тахсис додааст.

Ҷаноби Раҳимзода мегӯяд: “Созмони калидӣ аз миёни ҳамкорони хориҷии мо дар ин раванд Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод (СЕКО) буд. Аз оғози талошҳои мо дар роҳ ба сӯи узвият дар СҶТ, СЕКО дар тақвияти тавоноии ниҳодҳои муваззаф барои гуфтушунидҳо мусоидат кард. Бо ёрии ин созмон коршиносони беҳтарини байнулмилалӣ, аз ҷумла, онҳое, ки таҷрибаи пеш бурдани гуфтушунидҳо барои кишварҳои дигарро доштанд, ба ин раванд ҷалб шуданд ва таҷрибаву дониши онҳо дар ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба узвият ва мутобиқ кардани қонунгузориҳои мо ба талаботи СҶТ муҳим буд. Ман мехоҳам, бо истифода аз ин фурсат ба СЕКО ва ба созмонҳои дигаре, ки бо маблағгузории СЕКО ба мо ёрӣ расониданд, ба мисли UNITAR, маркази IDEAS дар Женева ва Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) сипос бигӯям. Ёрии ин созмонҳо имкониятҳои моро дар гуфтушунидҳо рушд дод ва дар мутобиқ сохтани низоми тиҷоратамон ба қоидаҳои СҶТ мусоидат намуд”.

Ҷаноби Ҳанс-Питер Эглер, Head Trade Promotion, Division of Cooperation and Development at SECO мегӯяд, ин созмон ёриҳои худро ба Тоҷикистон ҷиҳати татбиқ кардани созишномаҳои СҶТ (оид ба хидматгузориҳо, ТБТ ва СФС) ва мавзӯъоти дигари марбут ба марҳилаи пас аз вуруд идома медиҳад. Ӯ мегӯяд: “СЕКО, феълан, Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистонро маблағгузорӣ дорад. Ҳадафи маҷмӯъии ин тарҳ мусоидат ба ислоҳоти маҷмӯъии дохилӣ дар Тоҷикистон мебошад, то ба узви комилҳуқуқи СҶТ гардидани кишвар ёрӣ бирасонад”.

Дар чаҳорчӯбаи ин барнома СЕКО аз ду тарҳи Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) пуштибонии молӣ мекунад. Ин тарҳҳо ба дастгирии ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ равона шуда, дар ҳамкории наздик бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати кишвар, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои хидматрасони мунтахаб иҷро мешаванд.

Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) як созмони байнулмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим мекунад, то ба ин васила ба истеҳсолкунандагон, ироагарони хадамот, содиркунандаҳо ва воридкунандаҳо дар тиҷораташон мусоидат кунад. Дар ҳоли ҳозир, 157 кишвар узви СҶТ мебошанд ва 27 кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, дархости узвият ба СҶТ кардаанд ва дархости онҳо дар марҳилаҳои гуногуни баррасӣ қарор дорад. 

Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) – созмонест, ки бо масоили сиёсати иқтисодии ин кишвар сарукор дорад. СЕКО дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат ба нафъи кишварҳои рӯ ба рушд ва дар ҳоли гузариш фаъолият мебарад ва ҳадафи аслии ёрӣ ба ин кишварҳо ҷиҳати коҳиши мизони фақр ва пайвастан ба иқтисоди ҷаҳониро дунболагир аст. СЕКО шомили сохтори Идораи федеролии Швейтсария дар умури иқтисод мебошад. Веб-сайт: www.seco.admin.ch ва www.secocooperation.admin.ch.

Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) як оҷонси ҳамкории фаннӣ мебошад, ки муштаракан аз ҷониби Конфронси Созмони Милал оид ба тиҷорат ва рушд ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат таъсис ёфтааст. Дафтари марказияш дар Женева ҷойгир аст. Ҳадафи МБТ ёрӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд ва кишварҳои дар ҳоли гузариш ҷиҳати пешбурди бахши тиҷорат ва содироташон мебошад. Маълумоти муфаccaлтарро дар торнамои зер метавонед пайдо бикунед: www.intracen.org

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s