International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Швейтсария ёрии худро ба Тоҷикистон дар марҳилаи пас аз вуруд ба СҶТ низ идома медиҳад

Leave a comment

Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии худ дар умури иқтисод (СЕКО) ва Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) ёриҳои худро ба Тоҷикистон ҷиҳати татбиқ кардани созишномаҳои СҶТ (оид ба хидматгузориҳо, ТБТ ва СФС) ва мавзӯъоти дигари марбут ба марҳилаи пас аз вуруд идома медиҳанд.

Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод (СЕКО) аз оғози раванд дар соли 2001 ба Тоҷикистон дар ин росто ёрии фаннӣ мерасонад. Барои солҳои зиёде СЕКО ягона созмоне буд, ки ба Тоҷикистон дар ин самт кӯмак мерасонид ва то имрӯз дар ҳаҷми тақрибан 3 миллион франки швейсарӣ барои мусоидат ба Тоҷикистон дар узвият ба СҶТ тахсис додааст.

Ҷаноби Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон, ниҳоди калидӣ дар гуфтушунидҳои СҶТ, мегӯяд, “Созмони калидӣ аз миёни ҳамкорони хориҷии мо дар ин раванд Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод (СЕКО) буд. Аз оғози талошҳои мо дар роҳ ба сӯи узвият дар СҶТ, СЕКО дар тақвияти тавоноии ниҳодҳои муваззаф барои гуфтушунидҳо мусоидат кард. Бо ёрии ин созмон коршиносони беҳтарини байнулмилалӣ, аз ҷумла, онҳое, ки таҷрибаи пеш бурдани гуфтушунидҳо барои кишварҳои дигарро доштанд, ба ин раванд ҷалб шуданд ва таҷрибаву дониши онҳо дар ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба узвият ва мутобиқ кардани қонунгузориҳои мо ба талаботи СҶТ муҳим буд. Ман мехоҳам, бо истифода аз ин фурсат ба СЕКО ва ба созмонҳои дигаре, ки бо маблағгузории СЕКО ба мо ёрӣ расониданд, ба мисли UNITAR, маркази IDEAS дар Женева ва Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) сипос бигӯям. Ёрии ин созмонҳо имкониятҳои моро дар гуфтушунидҳо рушд дод ва дар мутобиқ сохтани низоми тиҷоратамон ба қоидаҳои СҶТ мусоидат намуд”.

Ҷаноби Ҳанс-Питер Эглер, раҳбари идораи пешбурди тиҷорат дар СЕКО мегӯяд, ин созмон ёриҳои худро ба Тоҷикистон ҷиҳати татбиқ кардани созишномаҳои СҶТ (оид ба хидматгузориҳо, ТБТ ва СФС) ва мавзӯъоти дигари марбут ба марҳилаи пас аз вуруд идома медиҳад. Ӯ мегӯяд: “СЕКО, феълан, Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистонро маблағгузорӣ дорад. Ҳадафи маҷмӯъии ин тарҳ мусоидат ба ислоҳоти маҷмӯъии дохилӣ дар Тоҷикистон мебошад, то ба узви комилҳуқуқи СҶТ гардидани кишвар ёрӣ бирасонад”.

Дар чаҳорчӯбаи ин барнома СЕКО аз ду тарҳи Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) пуштибонии молӣ мекунад. Ин тарҳҳо ба дастгирии ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ равона шуда, дар ҳамкории наздик бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати кишвар, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои хидматрасони мунтахаб иҷро мешаванд.

Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) – созмонест, ки бо масоили сиёсати иқтисодии ин кишвар сарукор дорад. СЕКО дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат ба нафъи кишварҳои рӯ ба рушд ва дар ҳоли гузариш фаъолият мебарад ва ҳадафи аслии ёрӣ ба ин кишварҳо ҷиҳати коҳиши мизони фақр ва пайвастан ба иқтисоди ҷаҳониро дунболагир аст. СЕКО шомили сохтори Идораи федеролии Швейтсария дар умури иқтисод мебошад. Веб-сайт: www.seco.admin.ch ва www.secocooperation.admin.ch.

Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) як оҷонси ҳамкории фаннӣ мебошад, ки муштаракан аз ҷониби Конфронси Созмони Милал оид ба тиҷорат ва рушд ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат таъсис ёфтааст. Дафтари марказияш дар Женева ҷойгир аст. Ҳадафи МБТ ёрӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд ва кишварҳои дар ҳоли гузариш ҷиҳати пешбурди бахши тиҷорат ва содироташон мебошад. Маълумоти муфаccaлтарро дар торнамои зер метавонед пайдо бикунед: www.intracen.org

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s