International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкорони мо: Оғози пӯё ва тарҳҳои хушбинона

Leave a comment

Ин матлаб ҳамчунин бо забони русӣ низ дастрас аст

Мо муаррифии корхонаҳои ҳамкори худ ва шиносоӣ бо фаъолияти онҳо, дастовардҳо ва нақшаҳои ояндаашонро идома медиҳем. Меҳмони навбатии мо ҶСШП «Олим Текстайл» мебошад

1

Сарфи назар аз он ки корхонаи нассоҷии “Oлим Текстайл” (www.olimtextile.tj) ҳамагӣ якуним сол қабл бунёд ёфтааст, он бо боварии том ва қадамҳои устувор ба бозори нассоҷии Тоҷикистон ворид гардида, мақоми хешро пайдо кард ва ба соҳаи нассоҷии кишвар ғояҳои нав оварда, сабқати нави рақобатро ба роҳ андохт. Корхона, ки дар моҳи марти соли 2011 бунёд ёфтааст, дар муқоиса бо ҳамтоёни зиёди худ тасмим гирифт, то барои сокинони ноҳияи дурдасти Мастчоҳ дар вилояти Суғд ҷойҳои корӣ созад. Ҳамин гуна, аввалин корхонаи бузурги нассоҷӣ дар водии Зарафшон гардид. Ширкат назди худ ҳадаф гузоштааст, ки коркарди пурраи пахта то ба маҳсулоти тайёр – либосвориро ба роҳ монад. Вале, феълан, корхона риштаи пахтаи саддарсадаро дар навъҳои ҳалқаӣ ва шонаӣ истеҳсол карда, 300 сокини маҳаллӣ, аксаран, занонро бо ҷои кор таъмин кардааст.

Шаҳло Абиджанова, мудири тиҷоратии «Олим Текстайл», ба ин назар аст, ки пуштибонии томи мақомот, доштани корхонаи худии пахтатозакунӣ ва таҷҳизоти замонавии аврупоӣ ҷиҳатҳои мусбати ширкат мебошад. Ба ҳарфи ӯ, дар ин феҳрас хоҳиши қавии роҳёбӣ ба бозор бо брэнди худ мақоми махсус дорад. Ӯ мегӯяд, номи «Олим Текстайл» дар бисёре аз минтақаҳои Туркия аллакай маъруф аст ва сарфи назар аз он ки маҳсулоти назири онҳо аз Ҳиндустону Узбакистону Туркманистон дар бозорҳои туркӣ зиёданд, ширкати онҳо дар ин бозор пойи худро мустаҳкам гузоштааст. Бону Абиджанова мегӯяд: “Дар баробари содироти маҳсулот ба Итолиё, Беларус, Лаҳистон, Литва, Туркия, мо ба сифати маҳсулоти худ аҳаммияти зиёд медиҳем ва аллакай дар ин кишварҳо мақоми худро ҳамчун як ширкати соҳибном пайдо кардаем. Ширкат талош дорад, то даромади бештаре ба даст орад, ки барои рушди он ва таъмини сатҳи баланди зиндагӣ барои кормандонаш ва аҳли хонадони онҳо имкон бидиҳад».

 Намояндагони «Олим Текстайл» дар ҳамаи чорабиниҳои МБТ, ки ба боло бурдани иқтидори содиротии ширкатҳои кишвар равона шудаанд, фаъолона ҳузур доранд. Бо мусоидати МБТ намояндагони ширкат дар чандин намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ширкат намуданд. Аз ҷумла, слои ҷорӣ корхона дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар Истанбул ва Маскав ҳузур дошт. Ба гуфтаи Шаҳло Абиджанова, донишҳои нав аз ҷаҳони нассоҷӣ муассиртарин василаи рушди корхонаҳои тоҷикӣ мебошанд. Ӯ мегӯяд: “Ба МБТ барои ёриҳояш ва тавсияҳои муфид ба ширкати мо сипосгузорем. Ман шахсан шоҳиди муфид ва самаранок будани талошҳои МБТ дар роҳи боло бурдани сатҳи рақобатпазирии ширкат ва мутобиқат намудан ба талаботи бозор мебошам».

Ҳамкорони мо:

Оғозбахши саноати дӯзандагӣ дар Тоҷикистон

“Текстил Ситӣ” Русияро тасхир месозад

Ширкати ҷавон ва фаъол – раиси ҷавон ва фаъол

Се соли фаъолият ва дар миёни корхонаҳои пешсафи кишвар 

Аз пахта то ба либос 

Ҷӯробҳои нафис аз “Нафиса”

 Олами виртуалии зардузиву гулдӯзии тоҷикӣ 

“Лоиҳаи консалтингии сол”

Ҷаҳони имкониятҳо барои занони моҳиру ҳунарманд

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s