International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳҳои муосир дар ҶСК «Ресанда»-и Қӯрғонтеппа

Leave a comment

Asia Plus

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи беш аз 3 млн. доллари ИМА дастгоҳу таҷҳизоти нави муосир харида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон бо кӯмаки мутахассисони Чин насби дастгоҳҳои нав ҷараён дорад.

«Дастгоҳҳои нав ба баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (риштаи пахтагин ва матои бофандагӣ), паст намудани арзиши аслии маҳсулот ва рақобатпазирӣ дар бозори истеҳсолӣ мусоидат карда, барои содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба кишварҳои Аврупо шароити мусоид фароҳам месозанд», – гуфтанд дар вазорат.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа соли 1998 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатии ҶТ таъсис дода шудааст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s