International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳосили имсолаи пахта ҳудуди 415 ҳазор тоннаро ташкил дод

Leave a comment

Соли равон кишоварзони Тоҷикистон ҳудуди 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз нақшаи пешбинишуда 3,3% зиёдтар мебошад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, имсол кишоварзони вилояти Хатлон ҳудуди 278,9 ҳазор, Суғд – тақрибан 113,7 ҳазор ва навоҳии тобеи марказ – 21,5 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданд. Пахтакорони вилояти Хатлон аз нақша ба андозаи 5,8% ва Суғд – 1,1% бештар ҳосил ҷамъоварӣ намуда, дар навоҳии тобеи марказ нақша 85% ба иҷро расид.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ кишоварзони тоҷик аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пунбадона мужда расонида буданд. Соли ҷорӣ дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта 401 ҳазор тонна муқаррар гардида буд.

Қобили зикр аст, ки соли равон бинобар сабаби боронҳои пайдарпайи баҳорӣ оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта ба муддати як моҳ дер афтод.

Соли гузашта пунбадона дар майдони 203 ҳазор гектар кишт шуда, 403 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда буд.

Asia Plus

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s