International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Порлумони Тоҷикистон санади узвият ба СТҶ-ро тасвиб кард

Leave a comment

BBC Persian

Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон прутукули узвияти ин кишвар ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳониро (СТҶ) тасвиб кард.

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 9 январ ин санади ҳуқуқиро дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ мекард, гуфт, ки дар пайи тасвиби ин прутукул Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ узви комилҳуқуқи СТҶ хоҳад шуд.

Оқои Раҳимзода гуфт, ки соли 2001 Тоҷикистон аз СТҶ расман дархости узвият карда буд ва бар асоси муқаррароти ин созмон беш аз 100 санади ҳуқуқӣ дар порлумони ин кишвар тасвиб ё ислоҳ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, барои ҳаллу фасли масоили мавриди баҳс дар заминаи тиҷорат бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистон дар садад аст дар соли ҷорӣ намояндагии худро дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ифтитоҳ кунад.

Зимнан, дар ҷаласаи Шӯрои Умумии Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар Женев дар 10 декабри соли гузашта Тоҷикистон ба ин созмони бонузуфи ҷаҳонӣ пайваст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар расми пайвастани Тоҷикистон ба СТҶ суханронӣ дошт, ин ҳодисаро дар таърихи навини кишвар “аз муҳиммтарин рӯйдодҳо ва мусоъидаткунанда ба рушди минбаъдаи устувори иқтисодию иҷтимоъии ҷомеъа” арзёбӣ кард.

Президент Раҳмон таъкид кард, ки узвият дар СТҶ барои дастёбӣ ба таъмини истиқлоли энержӣ, раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ василаи муҳимме хоҳад буд.

Дар Осиёи Марказӣ пас аз Қирғизистон Тоҷикистон дувумин давлат аст, ки ба СТҶ мепайвандад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s