International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии «Камолот-1» бо Ҷоизаи байнулмилалии Габриел ал- Салем

Leave a comment

Санаи 1-уми феврал дар Қирғизистон Конфронси дуюми байнулмилалии «Консалтинг бидуни марз» (Консалтинг без границ) баргузор шуд, ки дар он гурӯҳи консалтингии «Камолот 1» ҳамчун дорандаи мақоми 1-уми дар номинатсияи «Лоиҳаи консалтингии сол» дар соли 2012 лоиҳаи худро муаррифӣ намуд.

Дар зиёфати шомгоҳӣ пас аз конфронс маросими супурдани Ҷоизахои ба номи Габриэл ал-Салем аз рӯи 5 номинатсия – «Лоиҳаи консалтингии сол», «Мушовири сол», «Барои саҳми назаррас дар рушди консалтинг», «Консалтинг бидуни марз» ва «Ассотсиатсияи беҳтарини дар ҳоли рушд қарордоштаи мушовирон» доир гардид. Соли равон ширкати «Камолот 1» дар номинатсияи «Консалтинг бидуни марз» ба мақоми дуюм шарафёб гардид.

Дар фарҷоми зиёфати шомгоҳӣ ҳайати Тоҷикистон ба ҳозирин видеоролик дар бораи Тоҷикистон, намоишҳои сарлибоси миллии тоҷикиро пещкаш намуда, суруди «Гулдухтарони тоҷик»-ро ба самъи ҳозирин расонид.

Ҷоизаи байнулмилалии ба номи Габриэл ал-Салем ҷоизаи мустақил буда, барои дастовардҳои мумтоз дар соҳаи консалтинги мудирият эъто мегардад. Ҳадаф аз таъсиси ин ҷоиза мусоидат ба иҷрои меъёрҳои касбӣ ва ахлоқӣ аз ҷониби ширкатҳои консалтингӣ, пешбурди касби мушовирӣ дар ҷомеа, беҳсозии фазои тиҷоратӣ ва дар маҷмӯъ, мусоидат ба рушди иқтисоди бозорӣ мебошад.

Ширкати консалтингии «Камолот 1» ба корхонаву ширкатҳо дар ҷиҳати татбиқи усулҳои замонавии мудирият мусоидат менамояд. Ин усулҳо ба ҳадафҳои стротежӣ ва вижагиҳои корхонаҳои муштарӣ мутобиқ гардонида мешаванд.

Asia-Plus

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s