International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон хостори лағви иловаҳои қонуни Ҷексон-Веник шуд

Leave a comment

ozodi.org 

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар нишасте бо Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат хост, ки иловаҳои қонуни Ҷексон-Веникро барои Тоҷикистон лағв кунанд.

Дар ин нишаст, ки намояндагони доираҳои тиҷоратии Вашингтон ва ҳам сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ   ширкат доштанд, Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар Амрико  суханронӣ ва дар зимн аз доираҳои тиҷоратии Амрико хост, ки ба Тоҷикистон кӯмак кунанд, то ин кишвар аз қонуни Ҷексон-Веник озод бошад ва ба мамонеаҳое, ки ин қонун пешбинӣ мекунад, дучор нашавад.

Охири  соли 2012 Тоҷикистон баъди талошҳои 11-солааш ба узвияти  Созмони Ҷаҳонии тиҷорат шомил  ва  ӯҳдадор шуд, ки фазои бози тиҷорат ба вуҷуд меорад ва ҳамгироиаш бо тиҷорати ҷаҳониро суръат мебахшад.

Нуриддин Шамсов гуфт, ки  “ҳукумати Тоҷикистон иродаи қавии сиёсӣ нишон додааст, ки марҳилаи гузор ба бозори иқтисодиро комилан такмил мекунад, ки он ҷавобгӯи муқаррароти тиҷорати ҷаҳонист”.  Ба қавли ӯ,  Тоҷикистон пеш аз ҳама “ба он бартарӣ медиҳад, ки ба истиқлоли энержӣ, амнияти ғизоӣ даст ёбад ва аз монеаҳову мушкилоти рафту омад ва интиқоли коло раҳо шавад, зеро он кишварест, ки дар бунбаст қарор дорад”.

Қонуни Ҷексон-Веник дар соли 1974 дар Амрико ба тасвиб расид ва он вақт ҳадафаш кишварҳои Шӯравии пешин буданд, ки бозори озоди иқтисодӣ надоштанд ва метавонистанд ба муносиботи тиҷоратии Амрико зарар расонанд.
Ҳоло кишварҳои Шӯравии пешини Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мехоҳанд дар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ бо Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва чун узви ин созмон бо Амрико тиҷорати озод дошта бошанд.

Замоне, ки Қонуни тиҷорати Амрико бо номи қонуни Ҷексон-Веник ба тасвиб расид, дар кишварҳои Шӯравии пешин озодии муҳоҷират ва баъзе ҳуқуқҳои башар маҳдуд буд. Ҳоло кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тиҷорати худ озоданд ва мехоҳанд мамнуиятҳоеро, ки қонуни Ҷексон-Ваник замоне пешбинӣ карда буд, лағв шавад. Ин илова ба қонун бо исми ташаббускоронаш – конгрессменҳо Ҳенрӣ Ҷексон ва Чарлз Веник қабул шудааст

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s