International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пагоҳ Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СҶТ мешавад

Leave a comment

Пагоҳ, 2-юми март Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмои ҷаҳонии тиҷорат мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷараёни ворид шудани Тоҷикистон ба СҶТ соли 2001 оғоз гардида буд. Моҳи майи соли 2001 ҳукумати ҶТ бо мақсади тақвияти ҳамгиройии иқтисоди миллӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, таъмини савдои озоди байнулмилалӣ, рақобати солим, қонунӣ гардонидани сиёсати савдо ва рушди муносибатҳои бисёрҷонибаи иқтисодӣ ба Котиботи СҶТ ҷиҳати узвият ариза пешниҳод кард.

Моҳи июли соли 2010 дар асоси дархости Тоҷикистон Шӯрои генералии СҶТ дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба узвияти Тоҷикистн ба ин созмон қарор қабул намуд ва ба Тоҷикистон мақоми кишвари нозир дода шуд.

Дар ҷараёни мутобиқгардонии қонунгузории амалкунандаи ҶТ ба меъёрҳои СҶТ ва ташкили заминаи меъёриву ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи ҳуқуқи байнулмилалӣ, ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия гардида, бо кишварҳои узви СҶТ гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷониба анҷом дода шуданд. Оид ба масоили марбут ба СҶТ беш аз 80 асноди меъёриву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.

Санаи 10-уми декабри соли гузашта президенти Тоҷикистон ва дабири кулли СҶТ протокол дар бораи узвияти Тоҷикистон ба ин созмонро ба имзо расониданд ва 9-уми январи соли равон парлумони ҷумҳурӣ ин протоколро тасдиқ намуда, ахири моҳи январ он ба Котиботи СҶТ фиристода шуд.

Айни замон 159 кишгвари дунё узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат мебошанд.

Asia-Plus

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s