International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон расман 159-умин узви комилҳуқуқи СҶТ гардид

Leave a comment

Пас аз гуфтушунидҳои тӯлоние, ки бештар аз 11 сол идома кард, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ расман рӯзи 2-юми марти соли 2013 ба вуқӯъ пайваст.

Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (SECO) ва Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо вуруди расмияш ба СҶТ табрик мегӯянд ва ҷиҳати идомаи мусоидат ба Тоҷикистон дар марҳилаи пас аз узвият изҳори омодагӣ менамоянд.

Раҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ Питер Микула мегӯяд: “Вуруди Тоҷикистон ба СҶТ танҳо бо иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои Раисҷумҳур ва Ҳукумати Тоҷикистон имконпазир гардид. SECO ба ҳамкори асосии худ – Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон барои кори шагарфе, ки аз соли 2001 бад-ин сӯ анҷом додааст, сипосгузор аст. Мо, самимона, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар ҷаноби Шариф Раҳимзода, муовини вазир ҷаноби Саидраҳмон Назриев, шӯъбаи марбут ба СҶТ дар ин вазорат, ва гурӯҳи музокирагарони ҳирфаиро, ки бидуни онҳо узвият дар СҶТ имконнопазир мебуд, табрик мегӯем.”

Швейтсария ба паймони худ дар мавриди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат дар иҷрои талаботи СҶТ содиқ мемонад. Дар солҳои баъдӣ Швейтсария ёриҳои худро ба Тоҷикистон дар самти амалисозии талаботи СҶТ (хидматрасониҳо, монеаҳои техникӣ дар тиҷорат, чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, ва ҳуқуқи муаллифии марбут ба тиҷорат (TRIPS)), соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва мавзӯъоти дигари марбут ба марҳилаи пас аз вуруд ба СҶТ идома медиҳад.

“Узвият дар СҶТ барои Тоҷикистон қадами бузурге ба пеш дар роҳ ба сӯи истиқрори иқтисоди босубот мебошад. Вале иҷрои аҳду паймонҳои қабулшуда ҳини вуруд ба созмон чолише барои оянда боқӣ мемонад. Узвият дар СҶТ дар соҳаҳои зиёде тағйироти чашмрас дар соҳибкорӣ, омӯзиш ва назоратро талаб мекунад, то тавоноии содиротии кишвар бар пояи қавӣ ва ғайримаъмулӣ боло равад. Рақобатпазирии саноати дохилӣ низ аз фазои соҳибкорӣ ва омилҳои дигар, ба монанди арзиши энержӣ, мухобирот, хидматрасониҳои молӣ, зерсохтор ва ғайра вобаста аст. Узвият дар СҶТ ба беҳсозии ин фазо мусоидат менамояд, агар ҳукумат ва бахши хусусӣ ислоҳоти дохилиро бо тавофуқ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор идома бидиҳанд.” – мегӯяд Питер Микула.

Швейтсария аз оғози марҳилаи вуруди Тоҷикистон ба СҶТ ба ҷумҳурӣ ёрӣ мерасонид ва ин ёриҳои фаннӣ бештар ба соҳаи тиҷорат марбут буданд. Ин ёриҳо, аз ҷумла, тарҳҳои зерсохторӣ, барномаҳои рушди бахши хусусӣ, ёрӣ ба соҳаи молӣ ва пешбурди тиҷоратро дар бар мегиранд.

Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд: “Аз оғози талошҳо барои узвият дар СҶТ, SECO ҳамкори созанда ва боарзиши мо буд ва дар роҳандозии ислоҳоти лозимаи дохилӣ ва болобарии тавоноии мо дар гуфтушунидҳо ҷиҳати узвият бо шароити матлуби иқтисодӣ мусоидат намуд. Ҳамакнун, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СҶТ гардид, вазифаи калидии мо таҳияи Нақшаи роҳи давлат барои марҳилаи чаҳор-панҷсолаи пас аз вуруд мебошад. Ин иқдом ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва бахши хусусӣ имкон хоҳад дод, то аз имкониятҳо баҳра бигиранд ва ба чолишҳои узвият дар СҶТ омода бошанду посух бидиҳанд. Нақшаи роҳ дар моҳҳои оянда таҳия хоҳад шуд ва барои омӯзиш ва табодули назар ба вазорату ниҳодҳои давлатӣ ва ҳамкорони байнулмилалӣ фиристода хоҳад шуд.

Дар ин иртибот, мо ба Ҳукумати Швейтсария ва созмонҳои дигари ёридиҳандаи мо барои ризоият ва омодагияшон ҷиҳати мусоидат ба мо дар таҳия ва иҷрои Нақшаи роҳ изҳори сипос менамоем”.

***

Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) – созмонест, ки бо масоили сиёсати иқтисодии ин кишвар сарукор дорад. СЕКО дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат ба нафъи кишварҳои рӯ ба рушд ва дар ҳоли гузариш фаъолият мебарад ва ҳадафи аслии ёрӣ ба ин кишварҳо ҷиҳати коҳиши мизони фақр ва пайвастан ба иқтисоди ҷаҳониро дунболагир аст. СЕКО шомили сохтори Идораи федеролии Швейтсария дар умури иқтисод мебошад. Веб-сайт: www.seco.admin.ch ва www.secocooperation.admin.ch.

Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) як оҷонси ҳамкории фаннӣ мебошад, ки муштаракан аз ҷониби Конфронси Созмони Милал оид ба тиҷорат ва рушд ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат таъсис ёфтааст. Дафтари марказияш дар Женева ҷойгир аст. Ҳадафи МБТ ёрӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд ва кишварҳои дар ҳоли гузариш ҷиҳати пешбурди бахши тиҷорат ва содироташон мебошад. Маълумоти муфаccaлтарро дар торнамои зер метавонед пайдо бикунед: www.intracen.org

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s