International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон метавонад аз узвият дар СТҶ баҳра бубарад?

Leave a comment

Расо пас аз як моҳи қабули расмии Тоҷикистон ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ), Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) раҳбарони доираҳои соҳибкории соҳаи мухобироти кишвар ва коршиносони соҳаро дар як давраи омӯзиши якунимрӯза дар шаҳри Душанбе гирди ҳам меоварад, то роҳҳои нафъбардорӣ аз узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва посух ба чолишҳоро баррасӣ намоянд.

Давраи омӯзишӣ бо унвони «Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар СТҶ – ӯҳдадориҳо ва озодсозиҳо дар соҳаи хидматрасониҳои мухобиротӣ» рӯзҳои 2 ва 3-юми апрели соли равон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ширкатҳои мобиливу интернетӣ, иттиҳодҳои тиҷоратӣ, СЕКО, СТҶ, МБТ ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ имрӯз ва фардо ҷамъ меоянд, то низоми тиҷорати хидматрасониҳои мухобиротӣ дар чаҳорчӯбаи СТҶ, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар ин замина, ва таъсири узвияти кишвар дар СТҶ ба ширкатҳои мухобиротиро баррасӣ намоянд. Расонаҳои хабариро низ барои иштирок дар ин нишастҳо даъват менамоем.

Ли Татҳил аз Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, иштирокдорони давраи омӯзиширо бо мӯҳтавои умумии қоидаҳои калидии СТҶ дар мавриди хидматрасониҳои мухобиротӣ шинос хоҳад кард. Ӯ таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба манфиатҳое, ки аъзои СТҶ аз ислоҳот ва озодсозӣ (либерализатсия)-и соҳаи мухобироташон бардоштаанд, ҷалб хоҳад кард. Хонум Татҳил мегӯяд, «тавоноии бахши хусусӣ барои истифода аз имконоте, ки чунин низом медиҳад, дар бисёр мавридҳо, аз иҷроиши ислоҳоти дохилӣ аз ҷониби ҳукумат бо ризоияти якдилонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор – соҳибкорон, муштариён ва ироагарони хадамоти мухобиротӣ вобаста аст. Аъзои СТҶ талош мекнуанд, то шароитеро барои соҳибкорӣ фароҳам биоваранд, ки сармояи хусусӣ ба иқтисоди дохилӣ ҷалб гардад».

Жан-Себастян Рур, мутахассиси аршади шӯъбаи сиёсати тиҷоратӣ дар Маркази байнулмилалии тиҷорат, мегӯяд, “бидуни шубҳа, узвият дар СҶТ ҳукуматро муваззаф мегардонад, то ислоҳоти дохилиро ба анҷом бирасонад. Ҳамчунин, ба хубӣ маълум аст, ки дар марҳилаи пас аз узвият, анҷоми ислоҳот дар соҳаи ироаи хадамот аҳаммияти аввалиндараҷа доранд”.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ӯҳдадориҳои қабул намудаи кишварро оид ба фароҳам овардани дастрасӣ ба бозори мухобирот шарҳ хоҳад дод. Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд: «Кишвар ба ӯҳдадориҳои худ дар мавриди иҷрои ислоҳот дар соҳаи мухобирот ва дар ҳама соҳаҳои дигари иқтисод содиқ мемонад, то ҳама қонунгузориҳоро ба меъёрҳои СТҶ мувофиқ бисозад. Узвияти мо дар СТҶ, бидуни шубҳа, ба ҷумҳурӣ дар фароҳам овардани фазои рақобатпазирӣ дар бахши хусусӣ мусоидат менамояд».

Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) як созмони байнулмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим мекунад, то ба ин васила ба истеҳсолкунандагон, ироагарони хадамот, содиркунандаҳо ва воридкунандаҳо дар тиҷораташон мусоидат кунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи дувуми марти соли равон узви ин созмон гардид.

Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи феълии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огаҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ пуштибонӣ мекунад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s