International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии чигунагии марҳилаи нави лоиҳаи “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон”

Leave a comment

Маркази байнулмилалии тиҷорат ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳо дар дидорҳое бо намояндагони бахши нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон (корхонаҳо, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ширкатҳои консалтингӣ, донишгоҳҳо) натиҷаҳои баҳогузории берунаи марҳилаи саввуми барнома (слҳои 2009-2012) ва мӯҳтавову нуктаҳои асосии марҳилаи ояндаро баррасӣ карданд.

Лоиҳаи Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон ба хотири рушди собит ва гуногунсозии маҳсулоти содиротӣ дар ин кишвар тарҳрезӣ шудааст. Он ба рушди имконоти миллии тараққии тиҷорат бо роҳи кӯмак ба ниҳодҳои хадамотрасон ва ҳалли масоили сохторӣ равона шудааст.

Бо ҳадафи баррасии натиҷаҳои марҳилаи қаблӣ ва мӯҳтавои марҳилаи баъдӣ дар шаҳрҳои Душанбе (4-уми апрел) ва Хуҷанд (5-уми апрел) вохӯриҳо баргузор шуданд. Саидмӯмин Камолов, раҳбари миллии лоиҳа, ҳозирини нишастҳоро бо натиҷаҳои баҳогузории берунаи лоиҳа шинос кард ва гуфт, бо назардошти таҷрибаи фаъолият дар Тоҷикистон аз соли 2001 ва махсусан дар соҳаи нассоҷиву дзандагӣ аз соли 2009, лоиҳаи МБТ ҳамчун як тарҳи муваффақ ва лозима дар соҳаи пур аз мушкилоти бардавом шинохта шудааст. Ӯ гуфт: “Ҳамаи ҷонибҳое, ки ба лоиҳа ҷалб шудаанд, бо як овоз мегӯянд, ки фаъолиятҳои созмони мо ба таври назаррас дар рушди содирот саҳм гузоштаанд. Дар чаҳорчӯбаи фаъолиятҳои лоиҳа, талош кардем, то ҳузури ширкатҳои тоҷикӣ дар бозорҳои дохиливу беруна тақвият ёбад, то ширкатҳои мо ба бозорҳои нав роҳ ёбанд, ва сифати маҳсулоти хадамоти худро беҳтар намоянд. Ба ҳисоби миёна, ҳаҷми содироти ширкатҳои ҳамкори мо аз оғози ин тарҳ то ба имрӯз 366.6% афзудааст. Ба ин ширкатҳо ёрии амалӣ расонида шуд ва тавоноии ширкатҳои фароҳамовари хидматҳои тиҷоратӣ, ба мисли ширкатҳои консалтингӣ, низ, чашмрас боло бурда шуд”.

This slideshow requires JavaScript.

Малика Иброҳимова, масъули миллии барномаҳои иқтисодии СЕКО дар Тоҷикистон, раҳбарони ширкатҳои ҳамкорро бо тасмими тамдиди фаъолият бо таваҷҷӯҳ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва ҳунарҳои дастӣ хушҳол кард. Ӯ гуфт, фаъолияти марҳилаи нав то ба соли 2016 тарҳрезӣ шуда, барномаи он бо назардошти ниёзҳо ва дархостҳои ҳамаи ҷонибҳои ворид, аз ҷумла бахши хусусӣ ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ таҳия хоҳад шуд. Санадҳои стротежии миллӣ низ ба ҳангомияи таҳияи барномаи нав ба назар гирифта хоҳанд шуд. Ӯ гуфт: “Баҳогузорони беруна, ки фаъолияти марҳилаи саввумро натиҷагирӣ карданд, ҷиҳати муассиртар гардонидани лоиҳа ва босуботии натиҷаҳои он ба ҳангоми анҷоми лоиҳа баъзе тавсияҳо карданд. Аз ҷумлаи ин тавсияҳо ин аст, ки дар марҳилаи баъдӣ мо ба шумори дақиқи корхонаҳое такя кунем, ки ҳусни нияти ҳамкорӣ нишон медиҳанд, ва ин корхонаҳоро барои табодули таҷрибаашон бо корхонаҳои дигари соҳа раҳнамоӣ созем. Ба мо ҳамчунин тавсия шуд, то барои тақвияти соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ба таҷрибаи Қирғизистон такя кунем. Василаҳои наву замонавии чандрасонаии омӯзишӣ ва барномаҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ бояд барои сатҳи раҳбарии соҳа таҳия ва истифода шаванд. Дар ҳамин ҳол, лоиҳа ба омода сохтани тренерҳои маҳаллӣ ва дастгирии донишгоҳҳо дар таҳияи хадамоти омӯзишӣ барои соҳа таваҷҷӯҳ бояд кунад”.

Мӯҳтаво ва нукоти аслии фаъолиятҳои марҳилаи ояндаи лоиҳа ба ширкаткунандагони ин ду нишаст тавзеҳ дода шуд. Чолшиҳое ба ҳангоми дастрасӣ ба маблағ ва роҳҳои эҳтимолии мусоидат ба корхонаҳо дар дастрасӣ ба хадамоти молӣ низ дар ин нишастҳо баррасӣ гардид.

Намояндагони созмони Ҳамкории байнулмилалии молӣ (IFC) – Таҳмина Нурова ва Фирдавс Содиқов лоиҳаи худ оид ба раҳбарии муштарак дар Тоҷикистонро дар ин нишастҳо муаррифӣ карданд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s