International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди озодсозиҳои хидматрасониҳои нақлиётӣ

Leave a comment

Дар пайи давраи омӯзишие, ки ду ҳафта қабл барои соҳаи мухобироти Тоҷикистон баргузор гардид, Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) як чунин давраи мушобеҳи дигарро барои раҳбарони доираҳои соҳибкории соҳаи нақлиёти кишвар ва коршиносони ин соҳа доир мекунад.

Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ширкатҳои нақлиётӣ, иттиҳодҳои тиҷоратӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва коршиносони соҳа имрӯз ва фардо ҷамъ меоянд, то низоми тиҷорати хидматрасониҳои нақлиётӣ дар чаҳорчӯбаи СТҶ, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар ин замина, таъсири узвияти кишвар дар СТҶ ба соҳаи нақлиёт, роҳҳои нафъбардорӣ аз узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва посух ба чолишҳоро баррасӣ намоянд. Давраи омӯзишӣ бо унвони «Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар СТҶ – ӯҳдадориҳо ва озодсозиҳо дар соҳаи хидматрасониҳои нақлиётӣ» рӯзҳои 19 ва 20-уми апрели соли равон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Малколм Маккинон, мушовири байнулмилалии МБТ, иштирокдорони давраи омӯзиширо бо мӯҳтавои умумии қоидаҳои асосии СТҶ дар мавриди хидматрасониҳои нақлиётӣ шинос хоҳад кард. Ӯ шарҳ хоҳад дод, ки чӣ гуна озодсозӣ (либерализатсия)-и соҳаи нақлиёт ва рақобатпазирии он, бо иловаи ислоҳот дар хидматрасониҳои логистикӣ, манфиатҳое, махсусан тавассути хидматрасониҳои муассиртар ва фанновариҳои замонавитар дар пай хоҳад дошт. Ҷаноби Маккиннон мегӯяд, «Мо ба хубӣ аз нигарониҳое дар раванди озодсозӣ бо чораҳои ҷоришуда ва пайомадҳои он огаҳ ҳастем. Бо такя ба таҷрибаи кишварҳои дигари узви СТҶ, мо талош хоҳем крад, то шарҳ бидиҳем, ки чӣ гуна ислоҳотро бояд ба роҳ монд, то боз шудани дарҳои тиҷоратӣ пас аз узвият дар СТҶ ба манфиатҳои кишвар хидмат кунад ».

Жан-Себастян Рур, мутахассиси аршади шӯъбаи сиёсати тиҷоратӣ дар Маркази байнулмилалии тиҷорат, мегӯяд, “Бидуни шубҳа, узвият дар СТҶ ҳукуматро муваззаф мегардонад, то ислоҳоти дохилиро ба анҷом бирасонад. Тавре аз қоидаҳои пазируфтаи СТҶ бармеояд, ҳар як узви созмон муваззаф аст ба аъзои дигари созмон дастрасии озод, шаффоф ва баробар ба ҳамаи анвоъи нақлиётро фароҳам созад.  Ҳамчунин, пардохтҳои транзитӣ бояд дар чаҳорчӯбаи маҳдудиятҳои мантиқӣ ва бо назардошти хароҷоти хидматгузориҳо муайян шавад”.

Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) як созмони байнулмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим мекунад, то ба ин васила ба истеҳсолкунандагон, ироагарони хадамот, содиркунандаҳо ва воридкунандаҳо дар тиҷораташон мусоидат кунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи дувуми марти соли равон узви комилҳуқуқи ин созмон гардид.

Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи феълии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огаҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ пуштибонӣ мекунад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s