International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ дар Данғара

Leave a comment

TojNews

Имрӯз, 24-уми апрел дар ноҳияи Данғара Корхонаи нави истеҳсолӣ бо номи «Каёнуш» мавриди истифода қарор гирифт.

Ин корхона бо мусоидати Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва саҳмгузории Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ёқут – 2000» бунёд гардид.

Дар ин бора аз Дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, корхона бо дастгоҳҳои дӯзандагии замонавӣ ҷиҳозонида шуда, дар як баст барои 140 нафар ва дар ду баст барои 280 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ ва маоши муносиб муҳайё мекунад.

Гуфта мешавад, дар корхона дӯхтани либосҳои мактабӣ, рахти хоб ва дигар маснуоти дӯзандагӣ ба роҳ монда мешавад.

Манбаъ афзуд, ки феълан дар ин ноҳия 30 ҳазору 733 нафар хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дар ҷумҳурӣ 1млн. 713 ҳазор нафар таҳсил доранд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s