International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Узвият дар СУС – бурди Тоҷикистон

Leave a comment

Ҷараёни воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо кори осон набуд. Дар ин муддат ҳайати ҳукумат нуҳ марҳилаи гуфтушунидро анҷом дод. Бо мақсади ба талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мутобиқ намудани қонунгузории мамлакат, зиёда аз 100 қонуну дастури тиҷории Тоҷикистон ба қоидаҳои ин созмон мутобиқ гардонда шуд. Инчунин дар ин марҳила кодексҳои гумрук, андоз, мурофиавии шаҳрвандӣ, мурофиавии судии иқтисодӣ, қонунҳо дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, низоми иҷозатномадиҳӣ ва ғайра мавриди амал қарор гирифта, қонунҳои нав оид ба фаъолияти савдои хориҷӣ ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ қабул гардиданд.

Тӯли солҳое, ки ҷумҳурӣ ҳамчун нозир барои дохилшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо омодагӣ дошт, коршиносон дар иртибот ба бурду бохти он андешаҳои гуногун баён мекарданд ва баҳсҳо то имрӯз идома доранд.

Бешак, кишварамон аз воридшавӣ ба он манфиат хоҳад гирифт. Қабл аз ҳама, созмон дар тиҷорати молу маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қоидаҳои муайян ҷорӣ намуда, бахши тиҷорат ба низом медарояд. Илова бар ин, узвият дар он ба мамлакат имкон фароҳам меорад, ки ба иқтисоди кишвар сармояи хориҷӣ бештар ворид шавад. Дар шароити феълӣ ин барои кишварамон хеле зарур аст.

Бархе аз таҳлилгарони масоили иқтисодӣ ҳадс мезананд, ки дар сурати дохил шудан ба созмон қимати бе ин ҳам гарони молу маҳсулот дар дохили кишвар афзоиш хоҳад ёфт. Баръакс, банда итминон дорам, ки узвияти ҷумҳурӣ дар ин созмон боиси поён рафтани нархи молу маҳсулот, хизматрасонӣ ва беҳтар гаштани сифати онҳо хоҳад шуд.

Аз нуқтаи назари бархе аз таҳлилгарон, муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар чаҳорчӯбаи ин созмон моро ба тавлиду фурӯши ашёи хом маҷбур месозад, ки ин барои рушди ояндаи кишвар мусоидат намекунад ва мо дар ворид намудани таҷҳизоту технологияи нав ва коркарду тавлиди молҳои рақобатпазир дасткӯтоҳ мешавем. Аммо, ба назари банда, афзалиятҳо зиёд мешаванд, сармоя ворид мегардад, таваҷҷӯҳи ширкатҳои хориҷӣ ба ҷумҳуриамон афзуда, тиҷорати хориҷӣ ба танзим медарояд, ҳамкорӣ бо аъзои созмон, ки асосан кишварҳои пешрафтаи Аврупоанд, хубтар мешавад. Шароити беҳтари дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ, ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ ба низоми байналмилалӣ, пойин бурдани боҷу хироҷҳои гумрукиву молиётӣ ва дар натиҷа ба рӯи ширкатҳои хориҷӣ боз шудани бозори дохилӣ ва ҳатто бозори хариди давлатии ҷумҳурӣ, коҳиши заминаҳои фасод ва дар маҷмӯъ, ҷолибтар кардани иқтисоди Тоҷикистон барои сармоягузории хориҷӣ аз ҷумлаи манфиатҳоест, ки кишвар аз узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба даст хоҳад овард. Ҳамин тавр, зарурати ҳар сол аз нав аз Иттиҳоди Аврупо – бозори асосии фурӯши пахта ва алюминий, дархост кардани квотаҳои фурӯш барои ин ду маҳсулоти умдаи содиротии мамлакат аз байн меравад.

Агар кишварамон вориди ин созмон намегардид, дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, дар муҳосираи иқтисодӣ боқӣ мемонд. Бинобар ин, узвият дар он имкон медиҳад, ҷумҳуриамон вориди низоми ҷаҳонии иқтисод шавад ва маҳсулоташро бидуни монеъа ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир намояд. Масалан, то имрӯз ба ҷумҳурӣ барои фурӯши маҳсулоти нассоҷӣ дар мамлакатҳои Аврупо квота муайян шудааст. Акнун ки узви созмон шудем, маҳдудиятҳо аз байн мераванд ва узвият қудрати содиротии кишварро мустаҳкамтар мекунад, зеро дигар кишварҳои аъзо ҳақи ба мо монеа гузоштан надоранд.

Вақте мо ба ин созмон пурра шомил мешавем, воридоти маҳсулот аз кишварҳои узв озодона сурат мегирад ва тавлидгарони дохилӣ маҷбур мешаванд, ки маҳсулоти худро ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ гардонанд.

Вуруд ба тиҷорати байналмилалӣ дар доираи қонунҳоест, ки тамоми кишварҳои узви созмон пазируфтаанд. Назари сармоягузорони хориҷӣ ҳам ба кишварҳои узви он тамоман дигар аст. Шаффофият дар ин кишварҳо барои сармоягузор муҳайё буда, ӯро қоидаҳои маъмули созмон ҳимоят менамояд. Он имтиёзҳое, ки ба сармоягузорон додаем, бовар ҳосил мекунанд, ки манфиаташон дар Тоҷикистон ҳимоя мегардад. Ин фазои сармоягузориро хеле беҳтар менамояд ва воридоти сармоя ба кишвар ду-се маротиба меафзояд.

Бешубҳа, аз байн рафтани саддҳои молиётиву гумрукӣ иқтисоди Тоҷикистонро такони мусбате хоҳад дод, вале аз тарафи дигар, яку якбора боз шудани дарҳои кишвар дар марҳалаи аввал мавқеи тиҷорати ватаниро сусттар менамояд. Нархҳо якбора поён мераванд ва тавлидгари маҳаллӣ шавқи истеҳсоли молеро, ки айни он бо нархи арзон аз хориҷ ворид мешавад, гум мекунад. Мо имрӯз қариб ки маҳсулоти рақобатпазир надорем. Ду маҳсулотамон – пахтаву алюминийро ҳамчун ашёи хом мефурӯшем. Нархи баланди маводи сӯхту барқ ва дигар мушкилоти мавҷуда боис мешавад, ки арзиши маҳсулоти ватанӣ аз моли воридотӣ бештар гардад. Вале ин муваққатист, бо рақобатпазир гардидани маҳсулоти ватанӣ ин мушкилот аз байн меравад.

Арманистон ва Гурҷистон тавонистанд аз имкониятҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пурсамар истифода баранд. Бо вуҷуди он ки ин кишварҳо дар сатҳи на он қадар баланди тараққиёт қарор доштанд ва аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ дар муҳосира монда буданд, дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд як қатор ислоҳотҳои муваффақонаи иқтисодӣ гузаронанд: сектори хусусиро равнақ диҳанд, барои тиҷорат ва соҳибкорӣ шароити солими рақобатиро фароҳам оваранд, сайёҳиро ривоҷ диҳанд ва дигар корҳои манфиатнокро ба анҷом расонанд. Бо истифода аз узвият дар созмон Гурҷистон новобаста аз монеагузориҳои Русия молҳои худро аз қабили шароби гурҷӣ ва оби маъдании “Баржом” ба бозори ин давлат ворид сохта тавонист. Тоҷикистон ҳам, ки дар чунин вазъи иқтисодию ҷуғрофӣ ва муносибатҳои на он қадар хуб бо баъзе аз ҳамсояҳо қарор дорад, бояд аз имкониятҳои созмон дуруст истифода кунад, ки боиси пешрафти иқтисодии мамлакат гардад.

Зимни гуфтушунидҳои бисёрҷониба оид ба соҳаи кишоварзӣ бо давлатҳои аъзои созмон, Тоҷикистон тавонист, ки сатҳи дастгирии соҳаро то 8 % (ба андозаи 900 миллион сомонӣ) ба даст оварад. Ин маънои онро дорад, ки дар ҳолати пайдо шудани шароити молиявӣ метавонем соҳаи кишоварзии кишварамонро аз ҳисоби буҷаи давлатӣ дастгирӣ намоем.

Як нуктаи муҳим ин аст, ки узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба рӯи деҳқонони тоҷик имкони дастрасӣ ба техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзиро низ боз мекунад.

Хулоса, воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оғози марҳилаи нави созандагӣ ва идомаи ислоҳоти конструктивӣ дар тамоми ҷабҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар такмили низоми тиҷорати озоду шаффоф хоҳад шуд.

Фатҳулло ШАРИФОВ, номзади илмҳои иқтисодӣ

Бознашр аз “Ҷумҳурият”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s