International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чаро таваҷҷуҳ ба пахта кам шудааст?

Leave a comment

Барои инсон пӯшидани сарулибоси пахтагӣ дар қиёс ба молҳои синтетикӣ осоиши тан ва роҳати ҷон аст. Аз ин рӯ, маҳсулоти пахтагӣ дар бозори ҷаҳон ҳамеша серхаридор буда, арзишаш пайваста боло меравад. Мамлакатҳои ба парвариши пахта машғул, дар баробари баровардани ниёзи худ маҳсулоти аз он тавлидшударо ба кишварҳои дигар содир карда, буҷети худро ғанӣ мегардонанд. Тоҷикистон ҳам ду даҳсола муқаддам ҳар сол 800-900 ҳазор тонна пахта истеҳсол намуда, ҳазорон нафар аз истеҳсолу коркарди ин неъмати бузурги стратегӣ унвон гирифта, зиндагии осоишта доштанд. Ҷумҳурӣ аз ҳисоби фурӯши нахи пахта ба хориҷи кишвар даромади хуб ба даст меовард. Аммо ду даҳсола аст, ки  колхозу совхозҳо ба ҳазорҳо хоҷагиҳои хурд-хурди деҳқонӣ табдил шуда, деҳқонро мушкилоти зиёд домангир аст. Дигар дар пахтазорон на «киштиҳои кабуд» дар ҷавлонанду на тележкаҳои пурбор шабонарӯз ба сӯи нуқтаҳои қабули пахта раҳсипор. Корхонаҳои пахтатозакунӣ ҳам мисли уштурро бо кафлез об додан фаъолият менамоянд. Кори корхонаҳои бофандагию ресандагӣ низ аз равнақ бозмондааст.

Соли 2012 деҳқонон 417 ҳазору 977 тонна «тиллои сафед» ғундошта, аз он 134,5 ҳазор тонна нах истеҳсол шудааст. Соле аз ин пеш аз 416 ҳазору 490 тонна пахта 103,9 ҳазор тонна нах тавлид гардидааст. Агар замони шӯравиро бо имрӯз муқоиса кунем, мебинем, ки фарқ аз замин то осмон аст.

Он айём дар нимаи аввали сол ба фабрикаҳои бофандагии Русияву назди Балтика 250 ҳазор тонна нах фиристода мешуд. Ҳатто пахтаи тоҷик хоки Иттиҳоди Шӯравиро убур карда, дар кишвари Ҷопон ҷойгоҳи хос доштааст. Аз ҳисоби ин неъмати худодод асосан чархи дастгоҳҳои бофандагони фабрикаҳои зиёди шаҳри Ивановои Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои назди Балтика гардон буд. 10-15 дарсади он дар ҷумҳурӣ ба калобаю матоъ табдил шуда, коргарон музди хуб мегирифтанд ва ба буҷаи давлат маблағи кироӣ пардохт мешуд. Вале имрӯз содироти нахи пахта ба ҷумҳуриҳои ИДМ камтар шуда, харидори он аз кишварҳои хориҷаи дур бештар шудааст. Яъне моли хушсифат ҳамеша талабгорони зиёд дорад.

– Соли 2011 аз 72,4 ҳазор тонна нах 25 ҳазор тоннааш ба кишварҳои ИДМ ва 47,4 ҳазор тоннааш ба мамлакатҳои хориҷаи дур содирот шудааст,- мегӯяд Фирдавс Асматбеков, сардори раёсати омори савдо ва хизматрасонии Агентии омори назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. – Маблағи даромад аз ҷумҳуриҳои ИДМ 66,9 миллион доллар ва хориҷаи дур 130,7 миллион долларро ташкил додааст. Соли 2012 аз 143,8 ҳазор тонна нах 30 ҳазор тонааш ба ҷумҳуриҳои ИДМ ва 113,9 ҳазор тонна ба кишварҳои хориҷаи дур фиристода шуда, дар маҷмӯъ буҷети мамлакат 223,8 миллион доллар фоида ба даст овардааст.

То замони истиқлолият дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 22 корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият дошта, коркарди пахта барояшон кори рӯзмарра буд. Коргарон дар се баст банди кор буда, мошинҳо пунбадонаро гармогарм ба коргоҳҳои равғанбарорӣ мекашонданд. Ҳазорҳо тонна ашёҳои дигари аз коркарди пахта ҳосилшуда ба ҷойҳои зарурӣ бурда мешуданд. Корхонаҳо бо иқтидори пурраи худ фаъолият карда, зарурат набуд, ки коргоҳи дигар созанд. Аммо имрӯз бо вуҷуди қариб 50 дарсад кам шудани ҷамъоварии пахта шумораи корхонаҳо ба 87 адад расидааст. Хоҷагиҳои алоҳидае ҳам соҳиби «заводи» худ шудаанд. Чунончи дар ноҳияи Восеъ дар баробари корхонаи пуриқтидори коркарди пахта доштан, хоҷагие барои худ  коргоҳи хурде сохтааст. Як таҳлилу ояндабинӣ нест, ки чаро чунин амалҳо сурат мегиранд. Магар кори оқилона он нест, ки пахта ба корхонаҳои пуриқтидор супурда шаваду маблағҳои захира барои хариди техникаю нурӣ ва баланд шудани ҳосилнокии пахтазор масраф гардад? Айни замон дар манотиқи пахтакор, аз ҷумла дар шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ, ҳоло ҳам корхонаҳои пахтатозакунӣ побарҷоанд. Канӣ он хирманҳои аз пахта моломол, ки онҳо коркард кунанд?

Аброр Ҳамроев, директори кулли ҶСК «Ҳосилот» (собиқ иттиҳодияи пахтатозакунии ба номи Айнӣ)-и ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, ки корхонаи мо 45 ҳазор тонна иқтидори истеҳсолӣ дошта, ҳоло ҳам имкон дорад ҳамин миқдор пахтаро коркард намояд. – Мо ба умеде, ки рӯзе пахта фаровон мешавад, дастгоҳу таҷҳизотҳоро дар ҳолати пурраи корӣ нигоҳ доштаем. Солҳои шӯравӣ то 950 нафар коргар доштему дар мавсим 35-36 ҳазор тонна пахта қабул мекардем. Бист сол пеш – соли 1993 36 ҳазор тонна ва соли 2002 15 ҳазору 600 тонна пахтаро аз коркард гузаронда будем. Соли гузашта бошад, ҳамагӣ 4 ҳазору 300 тонна пахта қабул кардем. Аз ин миқдор 1 ҳазору 879 тоннаашро дар асоси шартнома аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ва боқимондаашро аз шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор овардем. Соли 2012 бо деҳқонон бо ду намуди шартнома-маблағгузорӣ ва коркарди пахтаю баргардондани маҳсулоташон ҳамкорӣ доштем. Имсол бо хоҷагиҳои деҳқонӣ танҳо барои коркарди пахтаашон шартнома бастем. Зеро соли гузашта якчанд хоҷагии деҳқонӣ, аз қабили «Фирдавсӣ», «Ҳисор», «Самад», «Бӯстон», «Ҳаким» бархилофи нишондоди шартнома маблағи додаи моро ғайримақсад истифода бурда, пахтаро ба дигарҳо доданд ва худ қарздор шуданд. Ҳоло аз сабаби кам будани пахта ҳамагӣ 100-150 коргари мавсимиро ба кор даъват мекунем.

-Корхонаи мо ҳам, -мегӯяд Тағойбек Умаров, муовини директори кулли ҶСП «Пахта»-и шаҳри Ваҳдат 45 ҳазор тонна иқтидор дошта, дар замони шӯравӣ 600 нафар коргари доимӣ дошт. Ҳоло буду шуд 160 коргари мавсимӣ дорем. Имрӯз метавонем то 30 ҳазор тонна «тиллои сафед»-ро коркард намоем. Солҳои пеш ғайр аз ноҳияи худамон аз ноҳияи Ёвон 22 ҳазор тонна пахта қабул мекардем. Чанд сол аст, ки пахтаро тибқи қарордод бо пахтакорони ноҳия ва ноҳияҳои Адураҳмони Ҷомию Ҷиликул қабул мекунем. Соли 2011 4 ҳазор тонна ва соли гузашта ҳамагӣ 2 ҳазору 900 тонна пахта қабул карда будему халос. Имсол ба нақша гирифтаем, ки зиёда аз 4 ҳазор тонна пахтаро коркард намоем. Соли 2012 1 тонна пахтаро аз деҳқонон ба ҳисоби миёна 600 доллар харидем. То имрӯз корхона аз ягон хоҷагӣ қарздор нест. Баръакс, хоҷагиҳои деҳқонию кооперативӣ аз мо 872 ҳазор доллар қарздоранд. Танҳо қарзи деҳқонони шаҳри Ваҳдат аз корхона 328 ҳазор доллар аст. Новобаста аз қарздор будан ё набудани деҳқонон ҳамеша омодаем, ки бо онҳо ва дигар хоҳишмандон дар асоси шартномаи барои тарафайн манфиатбахш ҳамкорӣ намоем.

Бино ба иттилои Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, 23 январи  соли равон дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон, то ҳол дар анборҳои корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи 501,5 миллион сомонӣ нахи пахта нигоҳ дошта мешудааст.  Чаро чунин аст, вазир шарҳ надод. Вале суоле пеш меояд, ки барои чӣ ашёи хоми тайёрро ба корхонаҳо намедиҳанд? Чаро касе дар талоши он нест, ки ин ашёро ба корхонаҳои  бофандагӣ диҳанду онҳо маҳсулот  тавлид намоянд? То кай ин ашёи пурбаҳоро ба хориҷи кишвар мефиристему коргарони худамон аз бекорӣ даст болои даст бекор мешинанд? Ончунон холабеғам шудаем, ки нони даҳони худро ба дигарон дода, аз онҳо интизори луқмаи тайёрем. Вагарна ин чӣ мантиқест, ки корхонаҳо доғи кору ашёи зарурӣ пушти дари анборҳост. Дар ҳоле ки ҳазорҳо тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содир шуда, аз он ҷо ба шакли маҳсулот, аммо бо арзиши хеле баланд, боз ба бозори ҷумҳурӣ ворид мешаванд. Мо ба ин сару либосҳои босифати пахтагии хориҷӣ назар карда, ба офарандааш аҳсант мехонем. Ҳавас мехӯрем, ки кош арзонтар мешуду имкони харидан медоштем. Вале худ барои тавлиди он дар ҷумҳурӣ, ки чандон кори мушкил нест, оби дил намеҷунбонем. Яъне ки ташвиши зиёдатӣ, такудаву асабӣ шудан кори хориҷиҳост, на кори мо. Пахта танҳо як сарулибосу  равғану собун нест, балки боз шулхаю кунҷора аст, ки соҳаи чорводориро рушд бахшида, гӯшт, ширу маҳсулоти шириро афзун мекунад. Ҳатто партови он – тибиту тораку пат, ки ҳангоми коркарди пахта ҳосил мешавад, барои истифода дар истеҳсоли мебел ва кӯрпаю болишт ашёи арзишманд аст.

Ширкатҳою соҳибкорони хориҷӣ аз ҳазорҳо километр роҳ омада, пахтаи моро ҷон гуфта харида мебаранду мо бошем ба қадраш намерасем. Дар мамолики Ғарб як куртаи одии пахтагии мардона 180 доллар арзиш доштааст. Пас тавлиди маҳсулоти босифати худӣ метавонад ба мамлакат миллионҳо доллар фоида орад. Куҷоянд соҳибкорони баномусу муваффақе, ки сарҷамъона ба бунёди як корхонаи бузурги истеҳсоли сарулибос аз пахта камар баста, Тоҷикистонро дар ҷаҳон шуҳратёр гардонанд.

Президенти мамлакат дар аксар суханрониҳои худ дар мавриди рушди саноат гаштаю баргашта таъкид менамояд, ки корхонаҳо аз ашёи хоми худӣ маҳсулоти ба талаботи бозор ҷавобгӯ тавлид намоянд. Лекин то имрӯз сохторҳои марбута кори кирои ба забон овардан анҷом надодаанд. Ин ҷо бамаврид аст ёдовар шавем, ки Президенти кишвар чанд сол муқаддам санги бунёди корхонаи бузурги бофандагиро дар минтақаи Доки шаҳри Душанбе бо ҳамдастии кишвари Туркия гузошта буд. Чӣ мушкил афтод, ки то имрӯз ба сохтмони он оғоз накардаанд? Саволест, ки посух мехоҳад.

У. МУРОД,
«Ҷумҳурият»

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s