International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии натиҷаҳои лоиҳаҳо ва нақшаҳои оянда

Leave a comment

Фаъолият ва дастовардҳои барномаҳои Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ), чолишҳои рӯбарӯи он ва нақшаҳои ояндаи он имрӯз, 24-уми май, дар нишасти навбатии Кумитаи назоратии лоиҳаҳо дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се лоиҳаро пиёда мекунад, ки ҳар сеяш аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Кумитаи назоратии лоиҳа бо ҳадафи кӯмак дар фаъолияти лоиҳаҳо, шаффофият дар кори амалигардонии онҳо ва замонати посухгӯ будани натоиҷашон ба афзалиятҳои кишвар ташкил шудааст. Намояндаҳои як силсила ниҳодҳои давлатӣ, СЕКО, МТБ, ва бахши хусусӣ узви Кумитаи мазкур мебошанд.

Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, фаъолияти тарҳҳои МТБ-ро пурсамар номида, кори онро дар вуруди Тоҷикистон ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ (СТҶ) муассир медонад. Ҷаноби Назриев мегӯяд: “Мо аз талошҳо ва ёриҳои шариконамон аз СЕКО ва МТБ дар раванди узвияти Тоҷикистон ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ, болобарии огаҳии доираҳои тиҷоратии кишвар аз чолишҳову манфиатҳои ин узвият ва ҳамчунин, аз мусоидаташон ба рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон сипосгузорем.”

Армен Заргарян, мушовири минтақавии МТБ дар масоили пешбурди тиҷорат, аз маҳсули кори тарҳҳои МТБ дар Тоҷикистон дар соли 2012 чанд мисол меорад, аз ҷумла он ки бо мусоидати созмон корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар Истанбул ва Маскав иштирок карданд, мутахассисони тоҷик дар Таиланд бо омӯзише доир ба монеаҳои техникӣ дар савдо (ТБТ) фаро гирифта шуданд, ҳайъатҳои расмии кишвар барои иштирок дар гуфтушунидҳои узвият дар СТҶ дар шаҳри Женева мусоидат диданд, доираҳои тиҷоратии маҳаллӣ дониши худро доир ба узвият дар СТҶ дар ҷараёни силсилаи барномаҳои омӯзишӣ боло бурданд ва ғайра.

Бахтиёр Муҳиддинов, масъули ширкати “Неку Хуҷанд” доир ба содирот, мегӯяд, ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ба онҳо имкон дод, то ҳузури худро дар бозорҳои беруна тақвият бахшанд ва рақобатпазирияшонро боло бибаранд. Ҷаноби Муҳиддинов, ки бо мусоидати МТБ дар ҳайъати Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар Истанбулу Маскав иштирок кардаву, аз он ҷо барои корхонааш чанд қарордод ҳам овардааст, мегӯяд: “Бароям маълум шуд, ки нахи пахтагини мо бо сифати баландаш дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад. Мо метавонем бо истеҳсолкунандагони нахи пахтагин аз Узбакистон, Ҳиндустон, Туркия ва кишварҳои дигар рақобат бикунем. Ҳамчунин, мехоҳам, аз ёриҳои МТБ дар самтҳои мудирияти сифат ва ҳосилнокӣ қадрдонӣ кунам, ки хеле ҳам бароямон муфид буд.”

Дар нишасти мазкур, ҳамчунин, марҳилаи нави сесолаи Барномаи Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон муаррифӣ хоҳад шуд, ки интизор меравад, аз моҳи июли соли 2013 ба фаъолият оғоз кунад. То ҳоли ҳозир, МТБ дар чаҳорчӯбаи ин барнома як силсила тарҳҳоеро барои дастгирии соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон пиёда кардааст, монанди «Пешбурди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ» (2002-2003) ва се марҳилаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» (2003-2006, 2006-2008, 2009-2012).

Самти фаъолияти лоиҳа то соли 2008 соҳаи коркарди мева ва сабзавот буд ва сар аз соли 2009 барнома ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ рӯ овард ва то имрӯз ба натиҷаҳои амалӣ ва муваффақе дар ин соҳаи пур аз мушкил ноил гардидааст.

Тарҳҳои Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Барномаи “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон” ҷиҳати мусоидат ба рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат рӯидаст гирифта шудааст. Марҳилаи саввуми он моҳи сентябри соли 2009 оғоз шуд ва моҳи декабри соли 2012 анҷом пазируфт.

Бахшҳои ЯК ва ДУ-и Барномаи СЕКО оид ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон. Ҳадафи умумии ин барнома мусоидат ба иҷрои ислоҳоти ҳамаҷониба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати узвияти ин кишвар дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ, ҳамчунин мусоидат дар марҳилаи пас аз узвият мебошад. 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s