International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки дуввуми корхонаҳои тоҷикӣ дар намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул

Leave a comment

Панҷ корхонаи ресандагӣ – “Неку Хуҷанд”, “Олим Текстайл”, Спитамен Текстайлз”, “Тента-Кӯлоб” ва “Хима Текстайл” аз 29-уми май то якуми июни соли ҷорӣ дар даҳумин Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул бо садҳо ширкаткунанда ва ҳазорҳо боздидкунанда яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои соҳавӣ дар минтақа маҳсуб мегардад. Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) барои дуввумин бор пайидарҳам ба иштироки корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур мусоидат мекунад. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби МТБ амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Даҳумин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул ҳамроҳ бо Текспо Авруосиё-2013 – намоишгоҳи 30-умини таҷҳизоти нассоҷиву дӯзандагӣ ва маҳсулоти кимиёӣ ва ҲайТекс 2013 – панҷумин намоишгоҳи байнулмилалии таҷҳизоти фаннии нассоҷӣ баргузор мегардад. Наргиза Абдумаҷидова аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, ки ҳайъати кишварро дар намоишгоҳ роҳбаладӣ мекунад, мегӯяд: “Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул  яке аз беҳтарин маконҳои дидори фурӯшандаҳои маҳсулоти нассоҷӣ ва харидорони он мебошад. Боздидкунандагони ин намоишгоҳ имкон доранд, то бо пешниҳодҳои тавлидгарони маҳсулоти нассоҷӣ шинос шаванд ва беҳтаринҳояшро интихоб кунанд. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ, махсусан ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз дастрасӣ ба бозорҳои нав дар Туркия, ки саввумин кишвари истеҳсолкунанда мебошад, манфиати зиёд хоҳанд ёфт”.

Ба андешаи Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи МТБ дар Тоҷикистон, намоишгоҳ имконияти дарёфти ҳамкорон ва муштариёни нав дар бозори байнулмилалиро барои корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон бештар мегардонад. Корхонаҳои Тоҷикистон соли гузашта аз иштирок дар ин намоишгоҳ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Баҳори гузашта се ширкати тоҷик аз намоишгоҳ бо шартномаҳо бо арзиши умумии беш аз як миллион доллар баргаштанд. Ҷаноби Камолов мегӯяд, “Соли гузашта дар чаҳор рӯзи намоишгоҳ бештар аз 270 нафар аз девораи Тоҷикистон боздид карданд. Дар натиҷа, содироти риштаи ширкати “ХИМА Текстайл” ба Туркия афзуд, “Неку Хуҷанд” дар Чин шарикони нави тиҷорӣ дарёфт ва “Олим Текстайл” ҳузураш дар бозори Туркияро тақвият бахшид. Бо назардошти таҷрибаи андӯхтаи мо аз иштирок дар намоишгоҳи соли гузашта ва афзоиши шумори иштироккунандаҳои намоишгоҳ, ман мутмаинам, ки имсол низ ширкатҳои мо аз намоишгоҳ бо қарордодҳои хуб бармегарданд”.

Ин намоишгоҳ мизбони беш аз 25 000 боздидкунанда аз тақрибан 50 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он ҳудуди 400 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулоти худро, ба мисли нахи пахта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, матоъ, пӯст, маҳсулоти нассоҷӣ, либосворӣ, ришта ва ғайраро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт. Аъзои ҳайъати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ дарҳои нав ба яке аз бозорҳои муҳимтарини нассоҷии минтақаро ҳам барои корхонаҳое, ки аллакай дар ин бозор ҳузур доранд, ва ҳам барои корхонаҳое, ки барои роҳ ёфтан ба ин бозор талош доранд, боз мекунад. Хайём Қулов аз “ХИМА Текстайл” мегӯяд, “боварӣ дорам, ки иштироки мо дар ин намоишгоҳ мисли соли гузашта хеле ҳам муфид хоҳад буд. Мо дарк кардем, ки дар минтақа ба маҳсулоти мо ниёз ҳаст ва иштирок дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди лозима оид ба таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла, таҷҳизоти озмоишгоҳҳо низ хоҳем гирифт”.

Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад. Ин тарҳ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии он кишвар дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s