International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» 800 ҷойи корӣ барқарор ва 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад

Leave a comment

Нимаи дуввуми рӯз Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» дидан кард.

Мавриди зикр аст, ки санаи 16 майи соли ҷорӣ Раиси вилоят бо ҷараёни насби таҷҳизот дар корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» шинос шуда буд. Ҳамакнун таҷҳизоти ҷопониву итолёвие, ки ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст, пурра насб карда шуд. Ин корхонаи ресандагӣ дорои дастгоҳҳои шонакунӣ, ҳаллоҷӣ, пилтаресиву ресандагӣ буда, 300 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Миқдори солонаи риштаи истеҳсолшаванда дар ин корхона 2 ҳазору 500 – 3 ҳазор тонро ташкил мекунад.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо кори таҷҳизоти нав шинос шуда, барои таъсиси ҷойҳои кории нав, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани молҳои истеҳсолшаванда тавсияҳои муфид дод.

Раиси вилоят ҳамчунин аз коргоҳи либосдӯзӣ дидан кард. Дар ин коргоҳ 100 нафар занон бо кор машғуланд. Дар инҷо либосҳои мактабиву ҳарбӣ ва либосҳои маъмулӣ аз риштаи омодакардаи корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” бо сифати баланд истеҳсол карда мешавад. Соли гузашта коргарони коргоҳи мазкур тариқи шартнома ба мактабиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров либосҳои мактабӣ омода кардаанд. Тавре иттилоъ дода шуд, имсол низ барои мактабиёни ноҳияи Зафаробод либос омода карда мешавад. Миқдори умумии истеҳсоли либос дар як сол 200 ҳазор дона буда, он ба бозори дохилӣ пешбинӣ  мешавад.

Зикр гардид, ки корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд”рӯзҳои наздик пурра ба фаъолият оғоз мекунад ва ин имкон медиҳад, ки дар инҷо 800 ҷойи корӣ барқарор карда шуда, 300 ҷойи нави корӣ таъсис гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s