International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a comment

Implementation of WTO Provisions and Business Awareness of WTO Accession. Information in English.

Реализация положений ВТО и осведомленность бизнеса о вступлении в ВТО. Информация на русском языке.

Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он

Лоиҳаи мазкур Бахши дуввуми Барномаи СЕКО оид ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи ин барнома мусоидат ба иҷрои ислоҳоти ҳамаҷониба дар ин кишвар ҷиҳати мутобиқат ба талаботи СТҶ мебошад. Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ҳамин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

2012-2014

Маблағгузори лоиҳаСЕКО

Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) – созмонест, ки бо масоили сиёсати иқтисодии ин кишвар сарукор дорад ва шомили сохтори Идораи федеролии Швейтсария дар умури иқтисод мебошад. СЕКО барномаҳои тавсиъаи иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва дар ҳоли гузариш амалӣ месозад, ки  ҳадафи асосии онҳо дастгирӣ намудани ҳамгироии ин кишварҳо ба иқтисоди ҷаҳонӣ, тараққиёти иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Маълумоти бештарро дар торнамои зер пайдо кардан мумкин аст: www.seco.admin.ch

Иҷрокунандаи лоиҳа – МТБ

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) як оҷонси ҳамкории фаннӣ мебошад, ки муштаракан аз ҷониби Конфронси Созмони Милал оид ба Тиҷорат ва Рушд ва Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст. Ҳадафи МТБ ёрӣ ба кишварҳои рӯ ба инкишоф ва кишварҳои дар ҳоли гузариш ҷиҳати расидан ба рушди устувори инсонӣ аз тариқи беҳбуд сохтани муҳити тиҷорат ва боло бурдани сатҳи иқтидори содиротии онҳо мебошад. Маълумоти муфаccaлтарро дар торнамои зер метавонед пайдо бикунед: www.intracen.org

Тоҷикистон дар СТҶ

1

Пас аз гуфтушунидҳои тӯлоние, ки бештар аз 11 сол идома кард, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ расман рӯзи 2-юми марти соли 2013 ба вуқӯъ пайваст. Узвият дар СТҶ яке аз авлавиятҳои сиёсӣ ва иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳадаф ҳам беҳтар кардани вазъи умумии иқтисодӣ ва фазои тиҷоратӣ, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар хориҷ ва устувор сохтани сатҳи рақобатпазирии иқтисоди ҷумҳурӣ буд.  Дар ҳамин ҳол, кишварҳои узв ба ҳамаи қоидаву талаботи СТҶ ба гунаи ҳатмӣ бояд мутобиқат намоянд.

СЕКО ва МТБ ба паймони худ дар мавриди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат дар иҷрои талаботи СТҶ содиқ мемонанд. Ин лоиҳа дар пайи машваратҳои пайваста бо доираҳои тасмимгиранда ва бахши хусусии кишвар тарҳрезӣ шудааст ва пурра ба санадҳои миллии стротежии ҷумҳурӣ мутобиқат мекунад.

Пас аз қабул шудани Тоҷикистон ба узвияти СТҶ низ, Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо истифода аз услуби дусатҳӣ ба бахши хусусӣ ёрӣ медиҳад, то он дониш ва фаҳмиши худро аз пайомадҳои узвияти кишвар дар СТҶ беҳтар гардонад ва ҳамчунин дар таҳияи тадбирҳои сиёсати тиҷоратӣ ҷалб гардад. Аввалан, МТБ ба боло бурдани сатҳи дониш ва огоҳии ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва бахши хусусӣ аз пайомадҳои узвияти кишвар дар СТҶ мусоидат мекунад. Сониян, МТБ ба намояндагони бахши хусусӣ дар соҳаҳои вижа ёрӣ медиҳад, то аз пайомадҳои узвияти кишвар ба СТҶ огоҳии беҳтар пайдо кунанд ва ҳамчунин дар раванди татбиқи ислоҳот дар ин соҳаҳо низ саҳмгузор бошанд.

Роҳу воситаҳои амалисозии лоиҳаи мазкур аз тариқи баргузории давраҳои омӯзишӣ, пажӯҳишот, хадамоти машваратӣ, таҳлилҳо дар сатҳи кишвар ва муколамаи давлат бо бахши хусусӣ сурат мегирад.

Натиҷаҳои лоиҳа

Натиҷаи 1 (Зерсохтори танзимкунанда): Тақвият ёфтани иқтидори ниҳодҳои СКАМ, СФС ва TБT ва зерсохтори танзимкунанда (идомаи Ҳадафи 4-и марҳилаи саввуми “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон”).

Барои расидан ба чунин натиҷа сатҳи дониш ва огоҳии намояндагони бахши хусусӣ, хусусан  дар соҳаҳои агросаноатӣ ва нассоҷӣ оид ба пайомадҳои тиҷоратии узвияти кишвар ба СТҶ ва иҷрои сиёсатҳои тиҷоратӣ боло бурда мешавад.

Дар натиҷа, тарафҳои манфиатдор имкон пайдо хоҳанд кард, то ба раванди гуфтушунидҳо дар доираи СТҶ ҷалб шаванд ва дархосту паёмҳои худро ба доираҳои тасмимгиранда бирасонанд, то аз ниёзҳои онҳо ҳимояи беҳтар шавад.

Интизориҳои мо

Дониш ва фаҳмиши бештари ширкатҳои содиротӣ аз Қарордодҳои СТҶ доир ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат (ТБТ) ва чораҳои санитарӣ ва финосанитарӣ (СФС) абзорҳои мувофиқеро дар ихтиёри онҳо қарор медиҳанд то ин ки иқтидори содиротии худро боло бибаранд ва монеаҳои марбутаро паси сар намоянд.

Ин ширкатҳо, ҳамчунин, аз вуҷуди нигарониҳои мушаххаси тиҷоратие огоҳӣ пайдо мекунанд, ки бояд ба самъи кумитаҳои СТҶ доир ба ТБТ ва СФС расонида шаванд. Ҷалби бахши хусусӣ ба гуфтушунидҳои СТҶ соҳаҳои нассоҷӣ ва агросаноати кишварро тақвият хоҳад бахшид.

Роҳандозии фаъолияти Ниҳоди миллии огоҳсозӣ (НМО) ва Марказҳои миллии иттилоотӣ (ММИ) оид ба ТБТ ва СФС ба Тоҷикистон имкон медиҳад, то ӯҳдадориҳои худро вобаста ба ин қарордодҳо иҷро намояд.

Илова бар ин, тақвияти иқтидори марказҳои иттилоотӣ дар ҷустуҷӯ ва паҳнсозии маълумот ба ширкатҳои содиротӣ имкон медиҳад, то аз ҳама навгониҳои соҳаи худ огоҳ бошанд ва аз талаботи фаннии бозорҳои содиротӣ бехабар намонанд.

Натиҷаи 2 (мусоидат ба соҳаи хадамот): Тақвият ёфтани дониши ироагарони хадамот доир ба имкониятҳо ва чолишҳои узвият дар СТҶ ва ба ин васила беҳтар кардани иқтидори баргузории гуфтушунидҳо дар ҳар чаҳор соҳаи хадамот.

Барои расидан ба натиҷаи болоӣ  сатҳи огоҳии намояндагони бахши хусусӣ дар ин соҳаҳо оид ба пайомадҳои тиҷоратии узвияти кишвар ба СТҶ ва сиёсатҳои тиҷоратӣ боло бурда хоҳад шуд.

Ба ин васила ҷонибҳои манфиатдор имкон пайдо хоҳанд кард, то ба раванди гуфтушунидҳо дар СТҶ ҷалб шаванд ва дархосту паёмҳои худро ба доираҳои тасмимгиранда бирасонанд, то аз ниёзҳои онҳо ҳимояи беҳтар шавад.

Соҳаҳои мавриди ҳадаф қарордодашуда иборатанд аз соҳаи агросаноатӣ, нассоҷӣ, хадамоти молиявӣ, мухобиротӣ, нақлиётӣ ва энержӣ.

Интизориҳои мо

Пас аз ворид шудан ба СТҶ, Тоҷикистон бояд кӯшиш намояд, ки ҳамаи соҳаҳои он, аз ҷумла чаҳор соҳаи хадамот ҷиҳати рақобат бо рақибони беруна ба таври кофӣ рақобатпазир бошанд. Иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва ниҳодҳои дигар бояд дар ин раванд нақши калидиро бибозанд, аз ҷумла ба ҳарфи аъзои худ гӯш ниҳанд ва гуфтушунидкунандаҳоро аз авлавиятҳои доираҳои тиҷоратӣ огоҳ созанд. Илова бар ин, онҳо бояд ҷиҳати боло бурдани сатҳи огоҳӣ оид ба  муҳиммияти рақобатпазирӣ ва фикрронии бозорӣ мусоидат намоянд.

Лоиҳа ба муколамаи ниҳодҳои давлатӣ бо бахши хусусӣ мусоидат намуда, ба соҳаҳои хадамотрасон ва дар раванди узвият дар СТҶ ва иҷрои ислоҳоти лозима машваратҳо медиҳад. Ҷалб гардидани бахши хусусӣ дар гуфтушунидҳои марбут ба чаҳор соҳаи хадамотрасонӣ   тақвият хоҳад ёфт.

Ниҳоятан, Маркази тиҷорати байнулмилалӣ тавасути ин лоиҳа ба иттиҳодияҳои тиҷоратии маҳаллӣ ва Палатаи савдо ва саноати кишвар мусоидат мекунад, то иқтидору тавонмандиҳои худро дар ироаи хадамоти машваратии марбут ба узвият дар СТҶ, аз ҷумла, таҳлили бозор ва пешниҳоди иттилооти тиҷоратӣ ва таҳияи санадҳои лозимӣ боло бибаранд.

2 

Рӯзҳои муҳими раванди вуруди Тоҷикистон ба СҶТ:

29-уми майи 2001

Тоҷикистон расман барои узвият дар СҶТ дархост пешниҳод намуд

18-уми июли 2001

Гурӯҳи корӣ ҷиҳати дохилшавии Тоҷикистон ба СТҶ таъсис ёфт

20-уми сентябри 2012

Охирин созишномаи дуҷониба бо Иттиҳоди Аврупо имзо гардид

26-уми октябри 2012

Гурӯҳи корӣ бастаи санадҳои узвияти Тоҷикистон тасдиқ кард

11-уми ноябри 2012  

Шӯрои умумии СҶТ узвияти Тоҷикистон дар ин созмонро тасдиқ намуд 

9-уми январи 2013  

Порлумони Тоҷикистон созишномаи Тоҷикистонро бо СҶТ дар мавриди узвияташ тасдиқ кард

31-уми январи 2013

Тоҷикистон аз тасдиқи созишнома дар порлумонаш расман СҶТ-ро огоҳ намуд

2-юми марти 2013  

Тоҷикистон расман узви 159-умини СҶТ гардид

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s