International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созишномаи СТҶ доир ба СФС: Дар заминаи тиҷорат

Leave a comment

Давраи омӯзишии дурӯза дар мавзӯъи «Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) доир ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (СФС): Дар заминаи тиҷорат» имрӯз, 25-уми июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Давраи омӯзишии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази тиҷорати байнулмилалӣ амалӣ менамояд.

Дар ин чорабинӣ мушовирони байнулмилалии МТБ Шиям Кумар Гуҷадур ва Эдил Калашев намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо Созишномаи СТҶ доир ба СФС шинос хоҳанд кард. Ҷаноби Гуҷадур мегӯяд, ҳадафи асосии давраи омӯзишии мазкур “боло бурдани сатҳи огоҳии намояндагони бахши хусусӣ ва ниҳодҳои давлатӣ аз чораҳои СТҶ ҷиҳати тарғиби тиҷорати озод ва одилона дар сатҳи байнулмилалӣ мебошад. Ҳамчунин, иштироккунандагон аз тадбирҳои СТҶ дар коҳиш додани чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, ки боиси монеагузории беасос ва бемаврид мегардад, огаҳ хоҳанд шуд. Ҳамаи ин иқдомҳо дар Созишномаи СТҶ доир ба СФС расман ворид шудаанд ва мавзӯъи асосии сӯҳбатҳо дар давраи омӯзишӣ низ ҳамин хоҳад буд. Иштироккунандагони давраи омӯзишӣ ҳамчунин роҳҳои ҳамкорӣ бо истифода аз Созишномаи СТҶ ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои содиротиро баҳс хоҳанд кард”.

Иштирокдорони ин давраи омӯзишӣ бо асосҳо ва қоидаҳои бунёдии Созишномаи СТҶ доир ба СФС, созмонҳое, ки дар мувофиқа бо ин Созишнома меъёрҳои байнулмилалӣ таҳия мекунанд, истифодаи амалии Созишнома ва мавзӯъҳои дигар шинос хоҳанд шуд.

Соли гузашта дар чаҳорчӯбаи ҳамин лоиҳаи МТБ як давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи Созишномаи СТҶ доир ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат (ТБТ) барои бахши хусусӣ ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон баргузор шуда буд ва имрӯз, дар давраи омӯзишии нав бо тафовутҳои миёни чораҳои марбут ба СФС ва чораҳои марбут ба ТБТ ошноӣ пайдо хоҳанд кард.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи феълии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огаҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ пуштибонӣ мекунад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s