International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди озодсозиҳо дар соҳаи саноати кишоварзӣ

Leave a comment

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) намояндагони соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро дар як барномаи омӯзишие дар шаҳри Душанбе барои баррасии роҳҳои нафъбардорӣ аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ва посух ба чолишҳо гирди ҳам меорад.

Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва коршиносони соҳаи кишоварзӣ имрӯз, 28-уми июн, дар ин давраи омӯзишӣ қоидаҳои СТҶ дар бастагӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар ин замина, ҳамчунин, роҳҳои нафъбардорӣ аз узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва посух ба чолишҳоро баррасӣ менамоянд. Давраи омӯзишӣ бо унвони «Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар СТҶ – ӯҳдадориҳо ва озодсозиҳо дар соҳаи саноати кишоварзӣ» дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Евгения Лаурентса, мушовири байнулмилалии МТБ, иштирокдорони давраро бо мӯҳтавои умумии қоидаҳои асосии СТҶ дар иртибот ба соҳаи кишоварзӣ шинос мекунад. Ӯ, ҳамчунин, се асоси бунёдии қоидаҳои СТҶ дар мавриди тиҷорати кишоварзиро муаррифӣ хоҳад кард, ки инҳоянд: озодсозии таъруфаҳо, ёронаҳо (субсидияҳо) ва пуштибонии дохилӣ. Бону Лоренза мегӯяд: «Дар ин давра мо боз табақабандиҳои гуногуни ёронаҳо ва пуштибонии дохилиро омӯхта, ба таъсири онон дар истеҳсолот ва тиҷорат таваҷҷӯҳ хоҳем кард. Раддабандиҳои ёронаҳо ва қоидаҳои марбут ба он низ аз мадди назари мо дур нахоҳад монд. Ҳангоми сӯҳбат дар мавриди дастрасӣ ба бозор, мо аз талаботи ҳатмии кам кардани таъруфаҳо низ ҳарф хоҳем зад».

Таваҷҷӯҳи вижа дар ин давраи омӯзишӣ ба коҳишот дар таъруфаҳои кишоварзӣ ва ёронаҳое дода хоҳад шуд, ки қабулашро ҷониби Тоҷикистон дар гуфтушунидҳо ба даст овардаву, уҳдадориҳое ба дӯш гирифтааст. Дар ин маврид Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди тиҷорат ва савдои Тоҷикистон, ва Мизробхон Деҳқонов, масъули ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ, гуфтушунидҳои СТҶ, ва амнияти ғизоӣ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гузориш хоҳанд дод.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи феълии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огаҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ пуштибонӣ мекунад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s