International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвияти дониши тренерони тоҷик доир ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитари Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ)

Leave a comment

Ёздаҳ мутахассиси тоҷик тӯли як давраи чаҳоррӯзаи омӯзишӣ аз 2-юм то 5-уми июл мавзӯъҳои марбут ба Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) доир ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (СФС)-ро омӯхтанд. Пас аз ин давраи омӯзишӣ ҳашт мутахассис ба ҳайси тренерҳои Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) барои баргузории давраҳои маҳаллии омӯзишӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар интихоб шуданд.

Давраи омӯзишии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази тиҷорати байнулмилалӣ амалӣ менамояд. Давраи омӯзишӣ бо ҳадафи боло бурдани сатҳи огаҳии тренерони баргузида аз тафсилоти Созишномаи СТҶ доир ба СФС дар заминаи тиҷорат баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мушовирони байнулмилалии МТБ – Шиям Кумар Гуҷадур ва Эдил Калашев омӯзгори тренерони маҳаллӣ буданд.

Ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ дар ҷараёни он фаъолона таҷрибаи соҳавӣ ва роҳҳои мутобиқ кардани барномаи таълимӣ барои соҳаи вижа ва бо назардошти ниёзҳои кишварро омӯхтанд. Ҷаноби Гуҷадур мегӯяд «тренерон бо Созишномаи СТҶ доир ба чораҳои СФС ва методологияи МТБ муфассалтар шинос шуданд ва дониши омӯзгории худро боло бурдаву, дар анҷоми давра соҳиби сертификат гардиданд».

Тренерони миллӣ рӯзҳои 26-ум ва 27-уми июни соли ҷорӣ, ҳамчунин, дар давраи омӯзишии дигар дар мавзӯъи «Созишномаи СТҶ доир ба чораҳои СФС. Дар заминаи тиҷорат» ширкат карданд. Онҳо баъдан ба зергурӯҳҳо тақсим шуда, доир ба ин мавзӯъ дар моҳҳои август – октябри соли 2013 дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон панҷ давраи омӯзишӣ баргузор хоҳанд кард ва дар он давраҳо аз барномаи таълимии мутобиқкардашуда истифода хоҳанд кард. Соли гузашта тренерони маҳаллӣ дар мавзӯъи Созишномаи СТҶ доир ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат (ТБТ) таълим гирифта, ва дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар давраҳои миллии омӯзишӣ барои бахши хусусӣ баргузор карда буданд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи феълии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огаҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ пуштибонӣ мекунад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s