International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарроҳ Нафиса Имронова намоиши либос барпо мекунад

Leave a comment

Дар Душанбе шоми 23 август намоиши либоси тарроҳи ҷавони тоҷик Нафиса Имронова баргузор мешавад.

Намунаҳои либоси сохтаи Нафиса Имронова. Акс аз саҳифаи Fashion Jivj дар Фейсбук гирифта шудааст
Ин тарроҳи ҷавон мегӯяд, дар намоиши имрӯза навъҳои либоси замонавӣ муаррифӣ мешавад. Дар як сӯҳбати мухтасари телефонӣ бо Озодӣ Нафиса гуфт, ки охирин омодагиҳо барои намоиши шомгоҳӣ ҷараён дорад:-  Мо  саросемавор ба намоиши шомгоҳӣ омодагӣ мебинем. Мисли ҳамеша, кори аслӣ дар охирин лаҳзаҳо анҷом мешавад,  – гуфт ӯ бо табассум. – Ин навбат бахши калидии намоишгоҳи мӯдро  либосҳои бо номи «Шоми рок» ташкил медиҳанд. Аксари ин намунаҳои либос аз чарм дӯхта шудаанд, чун ман ба маҳсулоти чармӣ ва ҳам либосҳои замонавӣ таваҷҷӯҳи хосе дорам.

Барномаи шоми 23 август сеюмин намоиши либосҳои тарроҳи ҷавон Нафиса Имронова хоҳад буд. Тавре дар огаҳиҳои  шабакаҳои иҷтимоӣ диидан мумкин аст, ин барнома дар меҳмонсарои «Серена» таҳти сарпарастии Кумитаи кор бо ҷавонон ва фурӯшгоҳи ҷавоҳироти «Ақиқа» баргузор мешавад.

Нафиса Имронова

Нафиса Имронова идеяҳои худро барои эҷоди ҳама навъи либос амалӣ  ва намунаҳои беҳтаринро дар саҳифаи Fashion Jivj, яъне “Ишқи мӯд” тавассути шабакаи иҷтимоии Фейсбук таблиғ мекунад. Дар доираи  тарроҳони тоҷик, ки ба қавли нозирон, тоза дар ҳолати шаклгирӣ ва пешрафт аст, исми ӯ шинохташуда аст. Соли гузашта ӯро дар миёни 50 шахсияти маъруфу саршиноси ҷомеа бо ҷоизаи “Шахси босалиқа”-и радиои “Ватан” қадрдонӣ карданд.

Баҳори соли 2012 Нафиса Имронова дар қатори дигар духтарони тоҷики дигар дар намоишгоҳи  10 тарроҳи ҷавон «Design Dushanbe 2012″ иштирок кард. Ин маърака бо ташаббуси  як фаъоли ҳуқуқи башар ва корманди соҳаи рушди инсонӣ,  хонуми амрикоӣ Меридин Пӯрвз (Marydean Purves) соле як бор баргузор мешавад. Пӯрвз мегӯяд, намоиши кори тарроҳон барои пуштибонӣ аз кори ҳунармандони ҷавон ва рушди касбии онҳо хеле муҳим аст.  Дар сӯҳбати ихтисосиаш бо радиои Озодӣ г гуфта буд, ки  “Хонумҳои тоҷик бояд аз майдони пахта  ба бутику фурӯшгоҳҳои ҷаҳонӣ  рӯ оранд”.

Вай ботаассуф гуфт, ки дар бозорҳои Тоҷикистон моли сохти Чину Туркия ва  Аврупо хеле зиёд ба чашм мехӯрад, аммо моли сохтаи тарроҳони маҳаллиро, ки як корхонаи миллӣ истеҳсол карда бошад, пайдо намекунед. “Ин бозор, ки ҷои занҳо аст, воқеан ҳам холист ва имконияти хеле зиёд аст, ки ин соҳа рушд кунад”, – гуфт ӯ.

Айни замон, ӯ ба дидгоҳи хонумҳои ҳунарманди тоҷик баҳои баланд дод ва гуфт, ки дар шароити кунунии Тоҷикистон тамоми имконият барои пешрафти касбии онҳо вуҷуд дорад. “Онҳоро танҳо такон додан лозим аст”, гуфт ӯ.

Радиои Озодӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s