International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди озодсозиҳо дар соҳаи хадамоти энержӣ

Leave a comment

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) намояндагони соҳаи энержии Тоҷикистонро дар як барномаи омӯзишие дар шаҳри Душанбе барои баррасии роҳҳои нафъбардорӣ аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ва посух ба чолишҳо гирди ҳам меорад.

Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва коршиносони соҳаи энержӣ имрӯз, 3-юми сентябр, дар ин давраи омӯзишӣ қоидаҳои СТҶ дар бастагӣ ба хидматрасониҳо дар соҳаи энержӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар ин замина, ҳамчунин, роҳҳои нафъбардорӣ аз узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва посух ба чолишҳоро баррасӣ менамоянд. Давраи омӯзишӣ бо унвони «Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар СТҶ – ӯҳдадориҳо ва озодсозиҳо дар соҳаи хадамоти энержӣ» дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Руози Жанг, намояндаи СТҶ ва МТБ, иштирокдорони давраро бо мӯҳтавои умумии соҳаи энержӣ, ислоҳот ва озодсозиҳои тиҷорат дар ин соҳа, ва ҳамчунин бо қоидаҳои асосии СТҶ дар иртибот ба соҳаи энержӣ шинос мекунад. Бону Жанг, ҳамчунин, дар мавзӯъи ҳамлу нақли энержӣ бо таваҷҷӯҳ ба қоидаҳои СТҶ дар ин бастагӣ сӯҳбат хоҳад кард.

Таваҷҷӯҳи вижа дар ин давраи омӯзишӣ ба уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди фароҳам овардани дастрасиҳо ба бозори энержӣ ва таъсири ин уҳдадориҳо ба хидматрасониҳои соҳаи энержӣ дода хоҳад шуд. Дар ин робита, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар соҳаи хидматрасониҳои энержӣ бо уҳдадориҳои кишварҳои дигари узви Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ муқоиса карда хоҳанд шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи феълии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огаҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ пуштибонӣ мекунад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s