International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эъломи қавоиди ҷадиди молиёт барои тавлидкунандагон

Leave a comment

Кумитаи молиёти Тоҷикистон қавоиди ҷадид барои ширкатҳои тавлидкунанда дар кишварро эълом кард.

Ҳамакнун ширкатҳое, ки ба коркарди нахи панба ва тавлидот машғуланд, тӯли 12 сол аз пардохти анвоъи мухталифи молиёт муъоф ҳастанд.

Ин ширкатҳо ба ҳангоми вуруди таҷҳизоти мавриди ниёзи худ ва содироти тавлидоти худ аз пардохти молиёти изофӣ ва таруфаҳои гумрукӣ озод мешаванд.

Таъкид шудааст, ки ширкатҳои тавлидкунанда бояд тӯли панҷ соли фаъъолияти худ нишон диҳанд, ки ба марҳилаи ҷадиди тавлидот мегузаранд. Вагарна ироаи имтиёзоти моливу гумрукӣ қатъ мешавад ва ширкатҳо муваззафанд маболиғи молиёти напардохтаи худро бо супоридани ҷаримаҳо ҷуброн кунанд.

Гуфта шудааст, ки чунин имтиёзот ба ширкатҳое рабт доранд, ки ба коркард ва тавлидот аз нахи панба, абрешим, пӯст ва анвоъи дигари тавлидоти кишоварзӣ машғул ҳастанд.

Эъломи қавоиди ҷадиди имтиёзот дар пайи мавриди истифода қарор гирифтани Қавонин ё Кодекси ҷадиди молиёт таҳия ва эълом шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз таҳияи ин санад ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ба арсаи тавлидот дар Тоҷикистон будааст.

Тоҷикистон аз замони Шӯравии пешин як ҷумҳурии кишоварзӣ маҳсуб шуда, тӯли солҳои истиқлолият талош дорад ба афзоиши мизони коркард ва тавлидоти маҳсулоти кишоварзии худ даст биёбад.

Қаблан ба ҳангоми тасвиби қонуни ҷадид молиёт соҳибназарон аз бештари муқаррароти ин санад интиқод мекарданд.

Бознашр аз ББС Тоҷикӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s