International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон меҳмони намоишгоҳи Текстиллегпром мешаванд

Leave a comment

Даҳ ширкат аз Тоҷикистон дар яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федеросюни Русия – дар намоишгоҳи “Текстиллегпром” (www.textilexpo.ru), дар шаҳри Маскав, иштирок мекунанд. Аз 24-ум то 27-уми сентябри соли 2012 корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии «Зинат», «Лидер», «Нафиса», «Неку Хуҷанд», «Ноҳид», «Ортекс», «Раҳимов А.А.», «Спитамен Текстайлз», «Текстил Сити» ва «Тента Кӯлоб» маҳсулоти худро дар 41-умин намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федеросюни Русия мебошад, ба намоиш мегузоранд.

Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи тозатаъсиси “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Намоишгоҳи “Текстиллегпром” соли савум пайидарҳам мизбони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон мегардад. Намоишгоҳи мазкур пас аз таҳлили амиқи таъсири эҳтимолии мусбати он ба фаъолияти корхонаҳои Тоҷикистон аз нигоҳи замон ва макони баргузорӣ интихоб гардид. Ба андешаи Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, «иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд.” Ҷаноби Камолов, ҳамзамон, таъкид мекунад, ки “иштирок дар ин намоишгоҳ бар иловаи афзудани имкониятҳо, боз корхонаҳои Тоҷикистонро ба чолишҳое бинобар рақобати шадид дар бозор рӯбарӯ хоҳад кард.”

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 35000 нафар мерасад.

Ҷаноби Насим Каримов, мудири кулли ширкати “Текстил Сити”, аз таҷрибаи иштироки ширкати худ дар намоишгоҳи “Текстиллегпром”-и тирамоҳи гузашта нақл мекунад: “Иштирок дар ин намоишгоҳ дар соли гузашта ба мо имкон дод, то бо ду ширкати маскавӣ – “ДВИГап” ва “Швейпромсервис”, ва ҳамчунин, ширкати қирғизии “И-лайн Мода” шартномаи корӣ бандем. Ин шартномаҳо ба мо имкон доданд, то барои занони маҳаллӣ ҷойҳои корӣ фароҳам оварем. Талош дорем, то тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои дигари нассоҷиву дӯзандагӣ ҳузури худамонро дар бозори Русия таҳким бахшем”.

Бахтиёр Муҳиддинов аз “Неку Хуҷанд” намояндаи дигари ҳайъати Тоҷикистон дар намоишгоҳи соли гузашта мебошад: “Дар ҷараёни он намоишгоҳ ба чунин хулоса омадем, ки дар Русия намояндагии худро боз кунем ва ҳузури худро дар бозори он ҷо бо афзудани содироти нахи пахта ва ҷӯробҳо тақвият бахшем. Доир ба тавлидгарони ҷӯробу маҳсулоти нассоҷӣ низ иттилооти зиёде гирифтем. Бо чанд ширкати русиву туркӣ дар мавриди ҳамкориҳо дар оянда ба тавофуқи қаблӣ расидем”.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Русия муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон мебошад. Сабабаш ҳам имкониятҳои ин бозор, мавқеъи ҷуғрофӣ, муносибатҳои наздики иқтисодӣ миёни ду кишвар, мавҷудияти тамосҳои фарҳангӣ ва аз ҳама муҳиммаш – шароити нисбатан мусоиди вуруд ба бозори Русия мебошад. “Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоарад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо тамосҳо барқарор намоянд.”

Ҳадафи умумии ин Барнома боло бурдани рақобатпазирии содиротии саноати нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бо роҳи ёрӣ ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбутаи пуштибони тиҷорат, ҳамчунин, тавассути мусоидат ба ҷонибҳои нафъдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа мебошад. Ин тарҳ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии он кишвар дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s