International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Доираҳои соҳибкориии Тоҷикистонро бо СТҶ шинос мекунанд

Leave a comment

Силсилаи иборат аз се давраи омӯзишӣ ҷиҳати боло бурдани огоҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик аз қоидаву созишномаҳои Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ), уҳдадориҳои Тоҷикистон ва таъсири он ба соҳаҳои муайяни иқтисоди кишвар имрӯз, 16-уми октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон намояндагони бахси хусусии кишварро ҷиҳати боло бурдани сатҳи огоҳии онҳо аз манфиату чолишҳо ва паёмадҳои эҳтимолии узвияти Тоҷикистон дар СТҶ гирди ҳам меоварад. Давраҳои омӯзишии мазкурро коршиносон ва мутахассисони маҳаллӣ, ки дар раванди вуруди Тоҷикистон ба СТҶ иштирок доштанд, баргузор мекунанд. Силсилаи омӯзишҳо имрӯз дар шаҳри Душанбе барои намояндагони доираҳои соҳибкории ноҳияҳои тобеъи марказ оғоз шуда, фардо, 17-уми октябр дар Қурғонтеппа идома меёбад ва рӯзи 19-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом мерасад.

Барномаи давраҳои омӯзишӣ аз баррасии нақши СТҶ дар раванди тиҷорати байнулмилалӣ, қоидаҳои бунёдии созмон, раванди вуруди Тоҷикистон ба ин созмон ва уҳдадориҳои кишвар дар мавриди дастрасӣ ба бозор ва хидматгузориҳо, таъсири узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ба соҳаҳои кишоварзӣ, коркард ва нассоҷӣ, ҳамчунин, ҳалли нофаҳмиҳои тиҷоратии байнулмилалӣ иборат аст.

Чолишҳои имрӯзинаи тиҷоратии содиркнуандаҳои Тоҷикистон дар бозорҳои беруна ва имкони истифода аз узвияти кишвар дар СТҶ барои ҳалли ин мушкилот низ дар ин давраҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Давраи омӯзишии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази тиҷорати байнулмилалӣ амалӣ менамояд.

Лоиҳаи мазкур Бахши дуввуми Барномаи СЕКО оид ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи ин барнома мусоидат ба иҷрои ислоҳоти ҳамаҷониба дар ин кишвар ҷиҳати мутобиқат ба талаботи СТҶ мебошад. Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ҳамин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s