Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон: Дониши беҳтар ва даромади бештар

Вуруди корхонаҳои тоҷик ба бозорҳои Русия, Туркия, Қирғизистон, Итолиё, Литва ва Австрия; барпо намудани робитаҳои тиҷоратӣ бо ширкатҳои шинохтаи ҷаҳонӣ, ба мисли Ашан, ИКЕА, Ҷинсмейкерз; афзоиши ҳаҷми содирот; таҳияи Стратегияи рушди содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон; таъмини иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар Порис, Шонҳой, Маскав ва Истанбул – ин ҳама танҳо чанд мисол аз натиҷаҳои фаъолияти лоиҳаи “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон” дар тӯли ҳамагӣ сеюним сол мебошад. Дар як сӯҳбат бо Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаҳои МТБ дар Тоҷикистон, баъзе аз муваффақиятҳо ва чолишҳои лоиҳаро ба баррасӣ кашидем.

IMG_2652Саидмӯъмин Камолов: “Дар марҳилае, ки ба анҷом расид, 15 корхонаи содиркунандаи маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагӣ, ки 30 дарсади корхонаҳои соҳаро дар Тоҷикистон ташкил медиҳанд, дар фаъолияташон ёрии мустақим гирифтанд, ва шумори бузургтари корхонаҳо аз давраҳои омӯзишии мо баҳравар гардиданд. Вале ин маънои онро надорад, ки ҷонибҳои дигари соҳа аз чаҳорчӯбаи фаъолиятҳои мо берун монда бошанд. Бар илова, донишгоҳҳо, ду озмоишгоҳи маводи ғизоӣ, ниҳодҳои пуштибони тиҷорат бо шумули ширкатҳои консалтингии маҳаллӣ, вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорати энержӣ ва саноат, ниҳодҳои миллии мудирияти сифати низ аз ҷумлаи шарикон ва баҳрагирандагони лоиҳа буданд”.

Варақаи МТБ: “Коршиносони зиёде мутмаинанд, ки ҷалби бевоситаи баҳрагирандагон ба раванди иҷрои лоиҳа яке аз пояҳои асосии таъмини самаранокии фаъолияти лоиҳа мебошад. Шумо дар ин бора чӣ назар доред ва оё дар лоиҳаатон аз ин равиш ҳам истифода кардед?”

Саидмӯъмин Камолов: “Бо ин андеша комилан мувофиқам ва дар лоиҳаи мо низ ҷалби баҳрагирандагон ба раванди иҷрои лоиҳа, ба мисли ниҳодҳои пуштибони тиҷорат, ки ҳам ёрӣ мегирифтанду ҳам ёрӣ медоданд, нақши муҳиммеро дар роҳи иҷрои бомуваффақ бозидааст ва дар оянда низ ин равиш бояд ба ҳайси намуна истифода шавад. Омӯзиш додани ширкатҳои консалтингии маҳаллӣ ва махсусан донишгоҳҳои марбути соҳа, дар оянда, ба ҳайси паҳнгари донишу таҷриба ба корхонаҳои соҳаҳои дигар хидмат хоҳанд кард. Методологияи лоиҳа, ки пас аз ҳар марҳилаи омӯзиш марҳилаи татбиқи амалии омӯхтаҳо меомад, ҳамчунин комёбии мо дониста мешавад. Ҳангоми таҳияи Дурнамои содиротии соҳа мо ҳам бо сиёсатгузорон ва тасмимгирандаҳои калидӣ ва ҳам бо намояндаҳои бахши хусусӣ ҳамкорӣ кардем. Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам нақши муҳимми шарикони мо аз ниҳодҳои ҳукуматиро дар иҷрои ин лоиҳа махсус зикр кунам. Бидуни ҳамкории самимонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энержӣ ва саноат, бидуни иштироки фаъол ва дастгириҳои онҳо мо наметавонистем ба муваффақиятҳое, ки ҳоло ҳарф мезанем, ноил бигардем. Ба Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар, сипоси вижа баён мекунам”.

Варақаи МТБ: “Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ танҳо яке аз самтҳои фаъолияти Шумо буд, на?”

Садмӯъмин Камолов: “Дуруст аст. Бар иловаи ёриҳо ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон, боз мехоҳам қайд кунам, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳа ду озмоишгоҳи маводи ғизоии Тоҷикистандарт соҳиби гувоҳномаи стандарти байнулмилалии ИСО 17025 гардиданд. Ҳамчунин, Ниҳоди миллии огоҳсозӣ (НМО) ва Бунгоҳҳои миллии иттилоотӣ (БМИ) доир ба ТБТ ва СФС таъсис гардиданд. Мехоҳам, боз аз роҳандозии торнигорҳои вижаи дорои баъзе аз имкониятҳои фурӯши онлайн барои ду ширкати дӯзандагӣ – “Ҳафт Пайкар” ва “Суман” ёдовар шавам, ки ба онҳо имкон дод, то ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷи кишвар муштариёни нав дарёфт бикунанд. Чун ин соҳа бештар занонро фаро гирифтааст, афзоиши шумори фармоишҳои дӯзандагӣ маънои ҷойҳои бештари корӣ ва даромади бештар барои занонро дорад. Дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ дар Тоҷикистон тақрибан 11 ҳазор нафар машғули кор мебошанд, ки 70 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд.  Хушҳолам, ки лоиҳаи мо дар бунёди ҷойҳои нави корӣ барои занони кишвар саҳм гузошт. Дар давоми фаъолияти лоиҳа корхонаҳои шарики мо ҳаҷми фаъолияти худро афзоиш доданд ва ҳоло тақрибан 4000 нафарро бо ҷойи кор таъмин мекунанд, ки 2700 нафарашон зан ҳастанд”.

Варақаи МТБ: Сипос барои иттилооти муфид!”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s