International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоидат ба рақобатпазиртар гардидани соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ

Leave a comment

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) лоиҳаи наверо бо буҷаи 2 140 000 франки швейтсарӣ муаррифӣ намуд, ки ҳадафаш мусоидат дар тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ва иқтидори ширкату ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар кишвар мебошад. Лоиҳаи навро низ ба мисли лоиҳаҳои қаблӣ Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (SECO) маблағгузорӣ мекунад.

Лоиҳаи мазкур Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкории тиҷоратии СЕКО дар Тоҷикистон ва идомаи лоиҳаи қаблии “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон” мебошад, ки он моҳи сентябри соли 2013 ба анҷом расид.

Ин лоиҳаи нави мусоидати фаннӣ таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд: “Мо аз таваҷҷӯҳи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон истиқбол мекунем. Ин соҳа барои рушду саҳмгузорӣ дар гуногунсозии содироти кишвар ва фароҳамории ҷойҳои корӣ, махсусан ба занон, замина ва имконият дорад. Мо мутмаинем, ки ин лоиҳа, ҳамчунин, ба талошҳои Ҳукумат дар афзоиш додани ҳаҷми пахтаи коркардшуда ҷиҳати истеҳсоли бештари маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар саҳм мегузорад”.

Як бахши ёрӣ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ аз анҷом додани пажӯҳишҳо доир ба вазъи феълии маблағгузории тиҷорат дар Тоҷикистон, пешниҳоди тавсияҳо дар мавриди мусоидатҳои минбаъдаи фаннӣ, муайян кардани заминаҳо барои пайванд додани истеҳсолкунандагони пахтаи органикӣ ба занҷираи нассоҷиву дӯзандагӣ, ва пешниҳоди тавсияҳо дар мавриди имкониятҳои мавҷудаи бозорӣ иборат мебошад. Армен Заргарян, мушовири минтақавии МТБ доир ба пешбурди тиҷорат, илова мекунад: “Лоиҳа, боз, имкониятҳо барои рушд ва чолишҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дар Тоҷикистон муайян мекунад. Ин қадами аввал дар бунёди чаҳорчӯбаҳои ёрӣ бо ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ва бо ҳадафи рушди тавоноиҳои соҳа мебошад, ки барои иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳимме мебозад. Ин лоиҳа дар коҳиши фақр дар Тоҷикистон ба василаи фароҳамории ҷойҳои нави корӣ ва бадастории даромад мусоидат мекунад. Мутмаинем, ки аз ин имкониятҳо махсусан занон нафъ мебардоранд, чун маҳз онҳо нерӯи аслии корӣ дар соҳаҳои мавриди назари лоиҳа мебошанд”.

То ба имрӯз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ чанд лоиҳаи мусоидат ба тиҷоратро дар Тоҷикистон анҷом додааст ва ин лоиҳаҳо низ “Пешбурди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ” (2002-2003) ва се марҳилаи “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон” (2004-2006, 2006-2008, ва 2009-2012) мебошанд. Барномаҳои МТБ то охири соли 2008 ба соҳаи коркарди мева ва сабзавот равона шуда буд ва шурӯъ аз соли 2009 ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар рӯ оварда, дар ин соҳаи пур аз мушкил ба муваффақиятҳо даст ёфт.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s