International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушовири МТБ аз Тоҷикистон дар давраи омӯзишии МТҶ дар Женева

Leave a comment

???????????????????????????????Мушовири миллии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ нахустин намояндаи Тоҷикистон гардид, ки давраи омӯзишии СТҶ дар мавзӯъи Созишномаи ин созмон доир ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитариро (СФС) дар шаҳри Женеваи Швейсария хатм кард.

Қосим Қурбонов, мушовири миллии МТБ доир ба масоили СФС, пас аз иштирок дар озмуни пур аз интихоб барои иштирок дар ин давраи омӯзишии пешрафта аз ҷониби СТҶ баргузида шуд ва аз 7-ум то 25-уми октябри соли 2013 дар он иштирок кард. Ин давраи омӯзишӣ барои баррасии амалии мушкилоти роҳандозии масъалаҳои марбут ба СФС баргузор гардид. Ҳадафи аслии ин давраи омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи огаҳии намояндагони масъули кишварҳои гуногуни дунё доир ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дар баробари Созишномаи СФС ва фаъолияти Кумитаи СФС буд.

Ҷаноби Қурбонов мегӯяд, “дар ин давраи омӯзишӣ муайян кардани чолишҳо дар роҳи иҷрои Созишномаи СФС ва посух ба онҳо, роҳандозии ибтикорҳо ҷиҳати истифодаи муассир аз қоидаҳои гуногуни Созишнома, аз ҷумла дастёбӣ ба бозор ва идораи онро омӯхтем. Ба ҳайси хатмкардани ин давраи омӯзишӣ, ман муваззаф гардидаам, то бо ҳамкасбонамон табодули таҷриба намоям ва дар ин ришта, ҳамчунин, ибтикорро ба дасти худ бигирам”.

Ҷаноби Қурбонов илова кард, ки давраи омӯзишӣ чорабиние бо барноми муфид ва амиқ буд ва иштирокдоронашро тавонист ба баррасии мавзӯъҳои марбут ба СФС, ба мисли ҷустуҷӯи роҳҳали мушкилоти иҷрои СФС дар сатҳи миллӣ, муайян кардани чолишҳо дар роҳи дастрасӣ ба бозор, ва роҳҳои таҳияи дурнамоҳо ҷиҳати ҳалли мушкилҳо ҷалб намояд. Давраи омӯзишӣ аз силсилаи дарсҳо ва тамриноти амалӣ иборат буд, ки барои дониши амиқтар додан ба иштирокдоронаш таҳия гардида буд. Иштирокдорони давраи омузишӣ, ҳамчунин, дар нишастҳои Кумитаи СТҶ доир ба СФС иштирок карда, бо қоидаҳо ва равандҳо фаъолияти Кумита шинос шуданд ва дар баррасии мавзӯъҳои кории Кумитаи низ фаъол буданд. Дар анҷоми давраи омӯзишӣ ҳар як ширкаткунанда нақшаи фаъолияти худро таҳия кард, ки аз рӯи он барои муайян кардани мушкилот дар ватанҳояшон ва роҳҳалҳои он тадобире рӯидаст хоҳанд гирифт.

Иштирокдорони давраи омӯзишӣ пас аз анҷоми муваффақонаи он гувоҳинома гирифтанд. Қосим Қурбонов мегӯяд, иштироки ӯ дар ин давраи омӯзишӣ дар пайи таҷриба ва дониш андӯхтааш аз фаъолиятҳо дар лоиҳаи МТБ имконпазир гардид ва ӯ ба МТБ барои сҳмгузорӣ дар пешрафтҳои ҳирфаияш сипосгузор аст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s