International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пажӯҳиши монеаҳо дар тиҷорат, ки бахши хусусии Tоҷикистон дар бозорҳои беруна рӯбарӯ шудааст

Leave a comment

Мушкилот ҳангоми интиқоли молҳо аз ҳудуди кишварҳои ҳамсоя, андозситонии шарики тиҷоратӣ ҳангоми воридот, мушкили дастрасӣ ба бозорҳои шарикони тиҷоратӣ, боҷи содиротӣ ва маҳдудиятҳои таруфавӣ барои молҳои воридотӣ аз ҷониби шарикони дигари тиҷоратӣ – ин феҳрасти баъзе аз монеаҳои асосии тиҷоратӣ дар роҳи соҳибкорони тоҷик ҳангоми содироти маҳсулот ва хадамоташон ба бозорҳои беруна мебошад. Узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ метавонад шуморе аз ин монеаҳоро аз байн бардорад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) монеаҳо дар тиҷорат, ки бахши хусусии Тоҷикистон ҳангоми содироти маҳсулот ва хадамоташ ба панҷ бозори интихобшудаи беруна дучор шудааст, ва роҳҳои эҳтимолии ҳалли онҳо дар чаҳорчӯбаи узвияти Тоҷикистон дар СТҶро пажӯҳиш ва таҳлил кард. Аз панҷ кишвари мунтахаб дутояш узви СТҶ мебошад (Чин, Қирғизистон), сетои дигараш дар раванди узвият қарор доранд (Қазоқистон, Афғонистон, Эрон).

Пажӯҳиши мазкур дар чаҳорчӯбаи барномаҳои пуштибонӣ аз узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва ёриҳо дар марҳилаи пас аз узвият баргузор шудааст. Тоҷикистон, ба ҳайси узви СТҶ, ҳамакнун, ҳақ дорад, дар мавриди нигарониҳои бахши хусусияш ба кишварҳое, ки дар раванди узвият қарор доранд, дархост фиристад. Тоҷикистон, ҳамчунин, метавонад баъзе мушкилоти дигари мавриди назари бахши хусусияшро, ки ҳангоми содирот ба кишварҳои узви СТҶ рӯбарӯ мегарданд, ба воситаи гурӯҳҳои кории фаннӣ, ки дар чаҳорчӯбаи СТҶ таъсис ёфтаанд, ҳал намояд. Василаи дигари ҳалли ин гуна масъалаҳо гуфтушунидҳои дуҷонибаи дипломатӣ мебошад.

Вазифаи асосии ин пажӯҳиш муайян кардани монеаҳое буд, ки бахши хусусии Тоҷикистон дар бозорҳои беруна рӯбарӯ мегардад. Ин пажӯҳиш муайян мекунад, ки ин монеаҳоро чӣ гуна метавон дар чаҳорчӯбаи узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ҳал кард. Роҳат Токтоналиев, мушовири байнулмилалии МТБ дар масоили узвият дар СТҶ ва муаллифи ин пажӯҳиш, мегӯяд, тадқиқот бар назарсанҷии ширкатҳои содиркунанда ва суҳбатҳо бо намояндагони бахши хусусӣ, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, ширкатҳо, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ва ҷонибҳои нафъдори дигар дар Тоҷикистон асос ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ин ҳама назарсанҷиҳо ва суҳбатҳо таҳлил гардида, дар натиҷа мушкилоти тиҷоратии ширкатҳои Тоҷикистон дар бозорҳои беруна, ки дар чаҳорчӯбаи СТҶ метавонанд ҳалли худро ёбанд, муайян гардиданд. Саноати ғизоворӣ, саноати сабук, кишоварзӣ, оҳангудозӣ, сохтмон ва нақлиёт ба ҳайси соҳаҳои калидие, ки маҳсулот ва хадамот содир мекунанд ва ё тавоноии содиротро доранд, дар ин пажӯҳиш фаро гирифта шудаанд.

Ҷаноби Токтоналиев: “Тадқиқот муайян кард, ки ширкатҳои содиротии Тоҷикистон дар дастрасӣ ба бозори кишварҳои ҳамсоя ва ҳангоми интиқоли маҳсулот ва хадамоти худ ба душворӣ гирифтор мешаванд. Соҳибкорони тоҷик молиёти дохилӣ барои воридот, боҷситонӣ ва маҳдудиятҳои таруфавиро низ аз мушкилоти дигар дар содироти маҳсулот ва хадамоти худ ба бозорҳои беруна медонанд. Бояд инро низ гуфт, ки баъзе аз мусоҳибон равандҳо ва талаботи дохилии марбут ба содирот дар Тоҷикистонро ба ҳайси мушкили асосӣ дар тиҷорат номиданд. Дар баъзе ҳолатҳо муайян шуд, ки ин талабот дар раванди узвияти Тоҷикистон ба СТҶ расман аз байн бардошта шудаанд, вале, дар воқеият истифода аз онҳо идома дорад. Баъзе аз содиркунандаҳои тоҷик аз равандҳо ва мушкилот дар бозорҳои беруна огаҳии камтар доранд, чунки шарикони онҳо дар кишварҳои воридкунанда ҳалли ҳама масоилро ба дӯш гирифтаанд”.  

Натиҷаҳои ин пажӯҳиш ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдори дигар, аз ҷумла, созмонҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, ва бахши хусусӣ ироа мешавад. Ин пажӯҳиш, ҳамчунин, бо забонҳои англисӣ ва русӣ дар торнигори МТБ Тоҷикистон дастрас аст.

Пажӯҳиши мазкур дар чаҳорчӯбаи Бахши аввали Барномаи ҳамкории СЕКО дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон: Машварат дар мавзӯъоти сиёсат ва тақвияти тавоноӣ гузаронида шудааст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s