International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таълими роҳҳои дарёфт ва хариди маводи хом ба корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Tоҷикистон

Leave a comment

Намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ҳамчунин, омӯзгорон ва донишҷӯёни бахшҳои нассоҷӣ ва мӯд бо иштирок дар ду давраи омӯзишии дурӯзаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе дониши худро дар мавриди роҳҳои дарёфт ва хариди маводи хом амиқтар мегардонанд.

Нахустин давраи ин силсилаи омӯзишҳо, имрӯз, 12-уми феврал, дар шаҳри Хуҷанд, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд оғоз ёфт. Давраи омӯзишии дуввум рӯзҳои 18-ум ва 19-уми феврал дар шаҳри Душанбе, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи нави МТБ – “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” гузаронида мешаванд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Мушовири байнулмилалии МТБ Эшли Чунг иштирокдорони ҳар ду давраро бо асосҳои занҷираи харид ва таҳвили маводи хом бо таваҷҷӯҳи вижа ба роҳу усулҳои самаранок ва муосири дарёфти тавлидгарони маводи хоми лозима ва муайян кардани сифати маҳсулоти онҳо шинос менамояд. Иштирокдорони давраҳо, ҳамчунин, бо занҷираи ҷаҳонии таҳвили маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва  даҳгонаи аввали кишварҳои содиркунандаи матоъ ошноӣ пайдо карда, дар бораи талаботи умумӣ ва шартҳои бастани қарордодҳои байнулмилалии тиҷоратӣ маълумот хоҳанд гирифт.

Эшли Чунг мегӯяд: «Ҳангоми дарсҳои амалӣ иштирокдорон услубҳои мустақилона муайян кардани сифати матоъро хоҳанд омӯхт. Бо ҳадафи беҳтар кардани сатҳи огоҳии онҳо аз роҳҳои дарёфт ва хариди маводи лозима, мо хоҳем гуфт, ки аз куҷо ва чӣ гуна бояд фурӯшандагони маводи хомро дарёфт намуд, чӣ гуна бояд ба маҳсулоти онҳо баҳо дод, ва аз кадом санҷишҳои маъмул барои омодагии худ ба сафарҳо бо мақсади дарёфт ва хариди маводи хом бояд истифода намуд».

Хонум Чунг боз илова мекунад, ки «дар давраҳои омӯзишӣ василаҳои муайян кардани матоъ аз рӯи номашон, баҳогузорӣ ба соярангҳо, муайян кардани нах, бофта, ва андозаҳои гуногуни ришта, навъҳои гуногуни ранг ва марҳилаҳои рангуборсозӣ, муайян кардани ноқисиҳои матоъ, ва муайян кардани навъҳои гуногуни ороиши маҳсулотва таъсири онҳо ба хароҷот ширкат, ва ғайраро нишон хоҳем дод».

Зимни сафари кории худ хонум Чунг аз баъзе корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар низ боздид хоҳад кард. Яке аз ҳадафҳои амалии давраи омӯзишӣ ва машваратҳои инфиродӣ омода кардани намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои сафар ба кишвари Чин мебошад, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор мегардад. Зимни ин сафар намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии ҷумҳурӣ аз намоишгоҳи байнулмилалии Интертекстайл Шанхай, бозорҳои яклухти матоъ ва маводи зарурӣ дар ш. Шанхай ва шаҳраки нассоҷии дар Кечао боздид ба амал оварда, имкон пайдо хоҳанд, ки доир ба низоми байнулмилалии хариди матоъ ва дигар маводи хоми лозима маълумоти бештар бигиранд, бо тавлидкунандагони шинохтаи ҷаҳонӣ вохӯриҳо баргузор намуда, имконоти ҳамкорӣ ва бастани карордодҳои тиҷоратиро баррасӣ бикунанд.   

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012  -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. www.swisscoop.tj, www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s