International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳи пахтаи органикӣ ба олами нассоҷиву дӯзандагӣ

Leave a comment

Натиҷаҳои пажӯҳиши “Истеҳсол ва коркарди пахтаи органикӣ: Арзёбии вазъи кунунӣ ва иқтидори оянда”, ки аз ҷониби Маркази тиҷорати байнулмилалӣ гузаронида шудааст, имрӯз, 25-ми феврал, дар мизи гирде бо иштироки ҳамаи ҷонибҳои нафъдор баррасӣ мешавад.

Истеҳсолкунандагони пахтаи органикӣ, ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ дар ҷараёни ин ҳамоиш бо муҳимтарин натиҷаҳои аввалияи тадқиқоти МТБ доир ба вазъ ва имконоти соҳаи пахтаи органикӣ дар Тоҷикистон шинос шуда, иқтидору имконоти ин соҳаро барои пайвастан ба занҷираи арзиши афзудаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ баррасӣ мекунанд. Пажӯҳиш ва арзёбии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи нави МТБ – “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” гузаронида шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат он дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Муаллифи пажӯҳиш Симон Ферринё, мушовири байнулмилалии МТБ оид ба пахтаи органикӣ вазъи феълии соҳаи пахтаи органикӣ дар Тоҷикистонро таҳлил карда, ниёзҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар ба пахтаи органикӣ ва истифода аз онро муайян намудааст. Пажӯҳиши ҷаноби Ферринё, ҳамчунин, ба суол дар мавриди имкониятҳои маҳсулоти омодашуда аз пахтаи органикӣ дар бозор посух мегӯяд.

Дар мизи гирди имрӯз иштирокдорон бо нуктаҳои асосии тадқиқот, стротежиҳои эҳтимолӣ, ва тавсияҳои амалии муаллифи тадқиқот Симон Ферринёо шинос мешаванд. Ӯ мегӯяд: “Саноати маҳсулоти органикӣ тиҷорати рӯ ба рушд буда, табодули молии он дар бозори ҷаҳонӣ ба 8,9 миллиард доллар баробар аст. Саҳми Тоҷикистон дар ин бозор аз нигоҳи пешниҳоди пахтаи органикӣ хеле кам ва аз нигоҳи талабот ҳеҷ аст. Ҳарчанд, ҳаҷми истеҳсоли пахтаи органикӣ дар Тоҷикистон барои бозори ҷаҳонӣ ҳоло аҳаммияте надорад, вале аз нигоҳи сифат пахтаи Тоҷикистон беҳтар аз ҳисобҳои миёнаи ҷаҳонӣ мебошад ва дар бозори ресандагии Аврупо харидор дорад. Натиҷаҳои аввалияи тадқиқот нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон метавонад ҳам истеҳсоли нахи пахтаи органикиро афзоиш диҳад, ва ҳам соҳаи саноатиеро дарёбад, ки ин пахтаи органикиро коркард ва истифода бикунад. Дар нигоҳи аввал, мушкили аслии ин соҳа маҳдуд будани  бозори он аст, вале боз мебинем, ки ин соҳа аз муҳиммияти гувоҳномагирӣ ва талаботи бозор огоҳии кам дораду харидорон низ ба суолҳои худ дар мавриди сифати воқеии маҳсулот посухи қаноатбахш наёфтаанд”.

Иштирокдорони мизи гирд ба гуруҳҳо тақсим мешаванд ва ҳар стротежии пешниҳодшударо баррасӣ намуда, назари худро ҳамроҳ бо пешниҳодҳо ироа медоранд. Дар пайи натиҷаҳои ниҳоии тадқиқот ва бо назардошти пешниҳодҳои ҷонибҳои нафъдор, Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ба истеҳсолкунандагони пахтаи органикӣ дар Тоҷикистон доир ба роҳҳои беҳтари фурӯш тавсияҳои амалӣ медиҳад. Ҳамчунин, доир ба имконияти пайваст ба бозорҳои маҳаллӣ ва байнулмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва занҷираи арзиши афзудаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ пешниҳодҳои воқеъӣ ва амалӣ дода мешавад.  

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012  -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. www.swisscoop.tj, www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s