International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар Шонҳой

Leave a comment

1Ҳайъати Тоҷикистон иборат аз намояндагони нуҳ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар, ду донишгоҳ, ва Вазорати саноат ва фанновариҳои нав аз яке аз маъруфтарин намоишгоҳҳои ҷаҳонии нассоҷӣ – намоишгоҳи матоъ ва тавлидоти нассоҷии мавсум ба Интертекстайл Шонҳой-2014 боздид дорад. Ин намоишгоҳ имрӯз, 3-юми марти соли 2014, оғоз ёфт ва то 9-уми март идома хоҳад кард. Сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Чин бо мусоидати Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Намоишгоҳи байнулмилалии матоъ ва тавлидоти нассоҷӣ – Интертекстайл Шонҳой аввалин бор дар соли 1995 баргузор шудааст ва имрӯз бузургтарин ҳамоиши тавлидкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз саросари дунё ба ҳисоб меравад. Дар намоишгоҳи соли гузашта беш аз 1300 ширкат аз тамоми олам, бо шумули брэндҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва иттиҳодияҳо, маҳсулоти худро ба зиёда аз 25000 меҳмони намоишгоҳ аз 71 кишвар пешниҳод карда буданд. Ҳадафи аслии иштироки ҳайъати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ омӯзиш ва хариди намудҳои лозимаи матоъ ва дигар маводи хоми нассоҷӣ мебошад. Ҳамчунин, ин сафар барои намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то талаботи бозори ҷаҳониии маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагиро биомӯзанд, бо тамоюлҳои замонавии ин бозор шинос бишаванд, ва бо тавлидкунандагони дигар кишварҳо дидорҳо баргузор намуда, робитаҳои тиҷоратӣ барқарор намоянд.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Дар ҳоли ҳозир, Чин бузургтарин истеҳсолкунандаву содиркунандаи либос ва маҳсулоти дигари нассоҷӣ дар ҷаҳон мебошад. Намоишгоҳҳо дар ин кишвар ба намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон имкони хубе фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони матоъ ва дигар ашёи хоми нассоҷӣ ва дӯзандагӣ шахсан вохӯрда, бо онҳо имконоти ҳамкориҳои тиҷоратиро баррасӣ намоянд. Ҳангоми иштирок дар намоишгоҳи Шонҳой ҳайъати мо, ҳамчунин, имкон дорад, то талаботи бозорро, ки тавлидкунандаҳои сатҳи ҷаҳонӣ он ҷо бо ҳам рақобат мекунанд, беҳтар бифаҳманд ва тамосҳои тиҷоратӣ барқарор намоянд. Мо боз нақша дорем, то аз бозорҳои яклухтфурушӣ ва корхонаҳои нассоҷии Шонҳой, ҳамчунин, аз шаҳраки нассоҷии Кеҷао дидан намоем”.

Дар ин намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро гурӯҳи мутахассисони МБТ роҳбаладӣ мекунад. Дар он ширкатҳои маъруф маҳсулоти худро, сар карда аз намудҳои гаронбаҳои матоъ ба мисли кашмирӣ ва абрешим, то ба матоъҳои пахтагин ва аз ҷинс, маҳсулоти лозима барои нассоҷӣ монанди нах ва ришта, аксессуарҳо ба монанди навъҳои гуногуни тугмаву занҷирак ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012  -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. www.swisscoop.tj, www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s