Маҳсули дастони бонувони «Чакан» дар Ҳинд

Душанбе, 04.03.201. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Маҳсули дастони бонувони чакандӯзи кӯлобӣ дар Фестивал- намоишгоҳи байналмилалии «Сураджкунд Мела», ки дар Ҳиндустон баргузор гардид, ба маъраз гузошта шуд.

               Валӣ Зариф -раиси Ассотсиатсияи «Чакан»-и шаҳри Кӯлоб  дар суҳбат  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар намоишгоҳи ҳанарҳои дастӣ, ки дар масоҳати 100 гектар ва бо иштироки ҳунармандони 100 кишвари ҷаҳон баргузор гардид,  намояндагони Тоҷикистон 10 намуди пироҳанҳои чакан, тоқӣ, сӯзанӣ ва дигар пироҳанҳоеро, ки аз гулбасти тоҷикӣ омода шудаанд, ба намоиш гузоштанд. Тамошобинон, ки аз намоишгоҳ боздид мекарданд,  ба пироҳанҳои чакани тоҷикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар бораи чӣ тавр омода намудани он пурсон мешуданд,-афзуд Валӣ Зариф. Мавсуф афзуд, ки ба маърази намоиш гузоштани ҳунари чакандӯзон дар чунин як чорабинии фарҳангии байналмилалӣ, муаррифии ҳунари бонувони чирадасти тоҷик ва тамаддуни  миллатамон аст, ки аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад.

          Бояд тазаккур дод, ки корхонаи  «Чакан»-и шаҳри Кӯлоб соли 2005 дар остонаи ҷашни 2700 -солагии Кӯлоби бостонӣ созмон дода шуда, дар асоси фармоиш ба муштариён  хизмат мерасонад.Маҳсули дастони бонувони  корхонаи «Чакан» дар намоишгоҳҳои байналмилалии ҳунарҳои  дастие, ки дар Русия, Чин, Эрон, Туркманистон ва дигар кишварҳои  ҷаҳон доир гардиданд,  ба намоиш гузошта шудааст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s