International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳнамои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ

Leave a comment

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамроҳ Роҳнамои тиҷоратии “Ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ”-ро таҳия карданд. Ҳадаф аз таҳияи ин Роҳнамо муаррифии манфиатҳо ва имкониятҳо аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мебошад. Намунаи англисии Роҳнамо аз 70 саҳифа иборат буда, он нахустин таҳлили бузургҳаҷме бахшида ба узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ба ҳисоб меравад. Таҳияи Роҳнамои мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон анҷом шудааст.

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар пешгуфтори худ ба ин Роҳнамо, навиштааст, “Узвияти Тоҷкистон дар ин созмони бонуфузи байнулмилалӣ иқдоми мусбат аст. Узвият дар ин созмон барои ислоҳоти ҷиддӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди кишвар мусоидат намуда, роҳҳои содироти маҳсулот ва хадамоти Тоҷикистонро ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҳамвортар мегардонад”.

Жан Себастян Рур, масъули аршади МТБ доир ба соҳибкорӣ ва сиёсати тиҷорӣ, баъзе аз нуктаҳои  асосии Роҳнаморо чунин шарҳ медиҳад: “Ин пажӯҳиш хонандагонашро бо асосҳои низоми СТҶ шинос карда, ба узвияти Тоҷикистон дар ин созмон нигоҳи амиқ меандӯзад. Роҳнамо ба шарту ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар самтҳои тиҷорати амвол ва хадамот таваҷҷӯҳи хос зоҳир намудааст”.

Дар Роҳнамои тиҷоратӣ, ҳамчунин, таъсир ва пайомадҳои узвияти Тоҷикистон ба соҳаҳои афзалият дошта, ба мисли кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, металлургӣ, хадамоти тиҷоратӣ ва сохтмонӣ шарҳ дода шудаанд. Бар иловаи маълумоти умумӣ доир ба соҳаҳои мазкур ва дастрасии бозор ба онҳо, Роҳнамо боз чораҳое, ки дар сатҳи миллӣ барои мусоидат ба ин соҳаҳо рӯидаст гирифта мешаванд, ва пайомадҳои оянда барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандаҳои Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Дар ин Роҳнамо зикр шудааст: “Узвият дар СТҶ ҳам бартариҳо дорад ва ҳам баръакс. Ба мисли кишварҳои дигари марҳилаи гузариш, вуруд ба СТҶ Тоҷикистонро муваззаф мегардонад, то ислоҳоти муҳими иқтисодиро шурӯъ кунад. Нафъбардории ҳадди аксар аз бартариҳо ва то ҳадди ақалл коҳиш додани паёмадҳои манфии узвият дар СТҶро бо сиёсатҳои хуб санҷидашуда ва тарҳрезишудаи иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои муносиб ҷиҳати таъмин ва рушди муколамаи бахши хусусӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, ва ҷалби ҳама ҷонибҳои нафъдор метавон ба даст овард. Огаҳӣ аз созишномаҳои чандҷониба ва равандҳо ба ҳамгироии Тоҷикистон бо низоми тиҷорати чандҷониба мусоидат намуда, ба саноат ва ҷонибҳои марбутаи кишвар имкони манфиатбардорӣ хоҳад дод”.

Гуфтушунидҳои тиҷоратӣ, механизми бозбинии сиёсати тиҷорӣ, ҳимояи ҳуқуқҳову ҳалли баҳсҳо дар чаҳорчӯбаи СТҶ, ва василаҳои дигари чандҷониба ва якҷониба низ дар Роҳнамои мазкур шарҳ дода шудаанд.

Роҳнамои тиҷоратӣ бо забонҳои англисиву русӣ дастрас буда, базудӣ дар торнамоҳои вижаи Тоҷикистон доир ба СТҶ ва МТБ Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд. Ҳамчунин, ин Роҳнамо нашр ва миёни ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои нафъдор паҳн мешавад ва дар давраҳои омӯзишӣ барои бахши хусусии Тоҷикистон низ ба ҳайси маълумотнома истифода хоҳад шуд.

Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ниҳоди байнулмилалиест, ки дар соли 1995 бо ҳадафи танзими тиҷорат миёни аъзояш таъсис ёфтааст. Фаъолияти СТҶ, асосан, ба бунёди фазои боз, озод ва одилонаи тиҷоратӣ равона шудааст, фазое, ки ҳама аъзо дастрасии баробар ба манфиатҳоро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли 2013 ба ҳайси узви 159-уми ин созмон пазируфта шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012  -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. www.swisscoop.tj, www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s