International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даъватнома ба нишасти матбуотӣ

Leave a comment

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) бо камоли арҷ Шуморо ба як пиёла чой ва суҳбат бо рӯзноманигорон ва намояндагони бахши хусусӣ дар мавзӯъи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ дар бастагӣ ба мухобирот даъват мекунад.

Макон: Меҳмонхонаи «Хайят»
Замон: 19-уми марти соли 2014
Вақт: 14:00 – 16:00

Мавзӯъ:

Пас аз вуруд ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра уҳдадориҳоро ба дӯш гирифтааст, ки дар он бастагӣ қонунгузориҳои худ ва фазои сиёсати тиҷории худро дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ бояд ба меъёрҳои СТҶ мутобиқ гардонад. Анҷоми ислоҳот дар соҳаи хидматгузориҳо дар самтҳои гуногун дар марҳилаи пас аз узвият аҳаммияти аввалиндараҷаро дорад. Яке аз ин самтҳои бартар хидматгузориҳои мухобирот мебошад. Ислоҳот дар ин самт ва озодсозии соҳаи мухобирот ба бахши хусусӣ имкон медиҳад, то аз узвияти кишвар дар СТҶ манфиати бештар бубинад ва ба чолишҳои эҳтимолӣ низ омода гардад. Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳои худ дар мавриди иҷрои ислоҳот дар соҳаи мухобирот ва дар ҳама соҳаҳои дигари иқтисод содиқ мемонад, то ҳама қонунгузориҳоро ба меъёрҳои СТҶ мувофиқ бисозад. Узвияти Тоҷикистон дар СТҶ, бидуни шубҳа, ба ҷумҳурӣ дар фароҳам овардани фазои рақобатпазирӣ дар бахши хусусӣ мусоидат менамояд.

Барномаи суҳбат:

¯  Дар ҷараёни ин дидор Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ӯҳдадориҳои қабулнамудаи кишварро доир ба фароҳам овардани дастрасӣ ба бозори мухобирот шарҳ хоҳад дод. (20 дақиқа);

¯  Мушовири байнулмилалии МТБ мӯҳтавои умумии қоидаҳои калидии СТҶ дар мавриди хидматрасониҳои мухобиротиро муаррифӣ хоҳад кард. (20 дақиқа);

¯  Таваҷҷӯҳи ҳозирин, ҳамчунин, ба манфиатҳое, ки бахши хусусӣ аз ислоҳот ва озодсозӣ (либерализатсия)-и соҳаи мухобирот мебардоранд, ва чолишҳои ин ислоҳот ҷалб хоҳад шуд. (20 дақиқа);

¯  Пас аз анҷоми қисмати расмӣ, намояндагони расонаҳои хабарӣ имкон доранд бо нафари дилхоҳ суҳбат ороянд, мусоҳиба бикунанд, сабти инфиродӣ намоянд ва ғайра. (60 дақиқа).

Ширкатдорон:

  • Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва садвои ҶТ;
  • Кармен Перез, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба соҳаи мухобирот ва СТҶ;
  • Парвина Ибодова, Асомуддин Атоев, коршиносони соҳаи мухобирот
  • Намояндагони дигари бахши хусусӣ, иттиҳодияҳои касбӣ, ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, коршиносон ва расонаҳои хабарӣ.

Барои тамос:

  • +992 37 2219870 Дафтари МТБ дар Тоҷикистон
  • Мобил:  +992 9000 10 155 Саидмӯъмин Камолов
  • Мобил:  +992 918451313 Парвиз Камолиддинов

Лутфан, иштироки намояндаи худро дар чорабинии мазкур тавассути нома ба нишонии зер тасдиқ кунед: itc.tajikistan@gmail.com

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s